Мо дар арафаи интихобот қарор дорем. Интихоботе, ки дар шиорҳои имрӯз аҳён- аҳён пайдо шуда даъват карда мешавад, ки шахсони арзандаро ҳамчун намояндаи худ ба парлумони кишвар пешниҳод ва интихоб намоем.

Касоне, ки интихоботҳои солҳои охири Шӯравӣ ва  аввали Истиқлолиятро дар ёд доранд, ибораи “калӯшдепутатҳо”-ро хуб мефаҳманд. Он замон ки интихоботҳо, воқеан ҳам, андаке шаффофтар мегузаштанд, ин ибора дар байни мардум маъмул гардида буд.

Нафаре,ки мехост худро номзади халқ  ба парлумон (Шӯрои Олӣ, фарқаш нест) пешниҳод кунад. Дар ҳавзаҳои интихоботии худ баромад карда, ҳазору як ваъда медод  ва ҳатто чанд депутатшав аз куҷое калӯш пайдо карда, ин моли он замон  “дефитсит”-ро ба деҳаҳо мебурданд ва ба воситаи магазинҳои он замона (мағозаи  шахсӣ не!) бо нархи худаш (он замон боз як ибораи дигар, “подприлавка”  роиҷ буд, ки ба ёру ошно ва ё бо нархи баланд “дефитсит”-ро обу лой мекарданд) бурда  тақсим карданд ва бо ҳамин ин ибораи таҳқиромез пайдо шуд. Ин як роҳи ба даст овардани дили интихобкунандагон буд.

Боз ваъадҳое, ки иҷроишашонро мардум талаб мекарданд, дар маҳзари ом медоданду баъд каму беш бошад ҳам,  аз паи иҷрояш мешуданд.

Ҳоло ҳам ваъда медиҳанд, вале ваъдаҳое аз қабили обод кардани кӯча, сохтмони ягон муассисаи барои мардум зарурӣ ва ғайра. Вале  ин ваъдаҳо аз ваъдаи “калӯшдепутатҳо” хеле фарқ дорад. Яъне, онҳо мегуфтанду боз дар давраи депутатиашон кам бошад ҳам,  барои иҷрои он ваъда кӯшиш мекарданд. Ҳоло дигар ягон ваъадаи конкретро аз даҳони ягон талабгори курсии депутатӣ намешунавед. Онҳо ҳатто барои тарғиби худ он қадар ҳавасманд ҳам нестанд. Ин чиз сабаб дорад. Якум, агар ваъда диҳанд ҳам, иҷрои он як фисад ҳам аз онҳо вобаста нест. Дуюм, имрӯз депутатшав мегӯяд :”Вазифаи ман сохтмони ин  ё он нест, ман бояд қарорҳое қабул кунам,ки ба нафъи ҷомеа бошад”. Дуруст, аммо канӣ он қарору  қонунҳое,ки ба мардум  кумак кунад? Канӣ он садое,ки талаб кунад,ки “шиносномаҳоро шарт нест,ки ҳама баробар иваз намояд” ва  ё дигар масъалаи ба ин монанд. Депутатҳои имрӯза пас аз интихоб шуданашон дар назди интихобкунандагони худ ягон хел ҳисобот намедиҳанд. Он чи, ки онҳо “ҳисобот” мегӯянд, ба ғайр аз гапи хушк чизи дигаре нест. Боре барои ободии гузарамон хостем аз депутатамон кумак пурсем ва ӯ арзи мардумро ба “боло” расонад. Ду моҳ кофта, оқибат ҷои корашро ёфтем (депутати шаҳрӣ буд). Аммо се бор рафтему ба дидораш шарафёб нагардидем. 

Пас, “калӯшдепутатҳо” беҳтар набуданд, ки ақаллан барои як мавсим интихобкунадаи худро бо кафши арзон таъмин мекарданд?

Инак, боз интихобот ва боз “барномаи пешазинтихоботӣ” ки  дар борааш ягон интихобкунанда чизе намедонаду намефаҳмад. Ҳатто худи ҳамон “барнома”-ро кам касон дидаанд. Аммо боз ҳам ба интихобот меравам. Аз рӯи одат…

А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *