Калуши Попро дарронданд
Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, ҳайкали ҷанҷолбарангези калӯш дар ағбаи Қамчиқ, дар канори шаҳри Попи вилояти Намангони Ӯзбекистонро ҳамагӣ чанд рӯз баъди пардабардориаш вайрон карданд. Ин ҳайкал, ки дар шакли як калӯши бузург сохта шуда буд, дар ҷомиаи Ӯзбекистон вокунишҳои зидду нақиз ба бор овард ва мақомот тасмим гирифтанд, ки онро аз байн бардоранд.
Ҳайкали калӯшро дар наздикии маҳбасе гузошта буданд, ки дар он маҳбас калӯшҳои дар вақташ машҳури сохти Намангон истеҳсол мекарданд. Бархе бар инанд, ки ин ҳайкал як навъ арҷгузорӣ ба азобу машаққати ғуломонаи маҳбусон ҳам буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ