Кам кардани норасоии об ва дастгирии занон дар Тоҷикистон
24 ноябр Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) бо сарпарастии Созмони хайриявии байналмилалии “The Coca-Cola Foundation” дар шаҳри Душанбе оид ба оғози Лоиҳаи яксолаи “Беҳсозии истиқлолияти иқтисодӣ ва беҳтаркунии вазъи занон дар Осиё Марказӣ тавассути дастрасӣ ба обёрӣ ва инфрасохторҳо” семинар баргузор намуд.
Дар чорабинӣ муовини аввали директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зарифзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, директори иҷроияи CAREC Зафар Маҳмудов, директори генералии ширкати Coca-Cola Icecek дар Тоҷикистон Бурак Атеш, директори калони барномаҳои иқлими “The Coca-Cola Foundation” Венкат Айр, ҳамоҳангсози лоиҳа (CAREC) Абдурашид Асабаев, менеҷери лоиҳа (CAREC) Фируз Иброҳимов, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои деҳот, мутахассисон ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.
Тавре ки дар семинар зикр шуд, дар Тоҷикистон як лоиҳаи бузурги минтақавӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки ба аввалин қадамҳо ва амалҳои воқеии ҷамоатҳои маҳаллӣ оид ба идоракунии оқилонаи захираҳои об дар минтақа нигаронида шудааст. Мушкилоти мазкур барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дараҷае муҳим аст, ки Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ташаббуси лоиҳаи минтақавии фаромарзӣ дар соҳаи истифодаи устувори об барои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро саривақтӣ ва мувофиқ донистааст. Барои Тоҷикистон, ки иқлими шадиди континенталӣ ва хушк дошта, ҳамагӣ 7%-и қаламрави кишвар дар водиҳо ва боқимондаро кӯҳҳо ишғол мекунанд, масъалаи идоракунии захираҳои об дар шароити воқеияти иқлими муосир махсусан муҳим аст.
Лоиҳаи минтақавии “Беҳсозии истиқлолияти иқтисодӣ ва беҳтаркунии вазъи занон дар Осиё Марказӣ тавассути дастрасӣ ба обёрӣ ва инфрасохторҳо” Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро мегирад ва он дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.
Кӯмаки молиявии ин лоиҳаи минтақавии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро Созмони хайрияи байналмилалии “The Coca-Cola Foundation” пешниҳод мекунад.
Иштирокчиёни семинар дар баромадҳои худ қайд карданд, ки тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо усулҳои бесамар ва кӯҳнашудаи обёрӣ боиси кам шудани ҳаҷми оби обёрӣ гардида, ба ҳосилнокии кишоварзӣ ва некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии сокинони деҳот таъсири манфӣ мерасонад. Ин ба вижа ба занон дахл дорад, зеро имрӯз бештар онҳо масъули корҳои кишоварзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, зеро аксари мардон, бахусус аз Қирғизистон ва Тоҷикистон, ба ҳайси мардикори музднок ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд. Набудани инфрасохтори гидротехникӣ (насосҳо, ҳавзаҳои обгир, чоҳҳои обёрӣ, каналҳои заҳкаш ва усулҳои анъанавии обёрӣ) барои ба даст овардани ҳосили баланд ва даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии занон бо роҳбарии занон мушкил мегардонад. Лоиҳа, пеш аз ҳама, ба ҳалли мушкилоти норасоии об тавассути ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои нави обёрӣ бидуни осеб расонидан ба ҳосили кишоварзӣ мусоидат мекунад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзие, ки асосан аз ҷониби занони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳбарӣ карда мешаванд, туфайли ин лоиҳа метавонанд вобастагии худро аз норасоии оби ирригатсионӣ коҳиш дода, ҳосилнокӣ ва умуман устувории кишоварзиро дар минтақа беҳтар созанд.
Маблағи умумии лоҳиҳаи мазкур ҳудуди 450 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, баҳрабардорони мустақим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 10 000 нафар ва баҳрабардорони ғайримустақим беш аз 180 000 нафар мебошанд. Дар Тоҷикистон лоиҳаи мазкур ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳри Ваҳдати тобеи ҷумҳуриро фаро мегирад. Лоиҳа 663 зан ва 450 ҷавонро ҳамчун баҳрабардорони мустақим ва 42 611 нафар баҳрабардорони ғайримустақим фаро мегирад.
Зафар Маҳмудов, директори иҷроияи CAREC иброз дошт, ки ҳадафи лоиҳа эҷоди тағйироти пойдор дар ҳаёти занон дар Осиёи Марказӣ тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба захираҳо ва инфрасохторҳо барои таҳкими истиқлолияти иқтисодии онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва мусоидат ба баробарии гендерӣ мебошад.
““The Coca-Cola Foundation” фонди байналмилалии хайривӣ мебошад, ки рисолати он мусоидат ба тағйироти мусбӣ дар ҷомеаҳо дар ҳама кишварҳое мебошад, ки дар он ширкати Coca-Cola фаъолият мекунад. Фонд ташкилотҳо ва лоиҳаҳоро дар саросари ҷаҳон маблағгузорӣ мекунад, ки дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар соҳаҳо, аз қабили дастрасии устувор ба об, тағирёбии иқлим, иқтисодиёти даврӣ, тавонмандсозии иқтисодӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ саҳми доимӣ ва ченшаванда мегузоранд. Барои дастгирии ташаббусҳо дар ин соҳаҳо дар саросари ҷаҳон, Фонд аз рӯзи таъсиси ёфтанаш (соли 1984) беш аз 1,5 миллиард доллар грант ҷудо кардааст”,-қайд кард Бурак Атеш, директори генералии ширкати Coca-Cola Icecek дар Тоҷикистон.
Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Беҳсозии истиқлолияти иқтисодӣ ва беҳтаркунии вазъи занон дар Осиё Марказӣ тавассути дастрасӣ ба обёрӣ ва инфрасохторҳо” Абдурашид Асабаев зимни баромади хеш таъкид дошт, ки лоиҳаи мазкур аз 3 қисмат иборат аст. Якум, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ тавассути таҷрибаҳои технологияҳои нави каммасрафи об. Бо истифода аз технологияҳои каммасрафи об, хоҷагиҳои деҳқонии таҳти роҳбарии занон метавонанд вобастагии худро аз камоби ҳангоми обёрӣ коҳиш диҳанд ва ҳосилнокии кишоварзиро афзоиш дода, амнияти озуқавориро беҳтар созанд ва ба рушди устувори кишоварзӣ мусоидат кунанд. Дувум, тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ барои занон тавассути равишҳои самарабахши занҷири арзиш. Ҳадафи ин натиҷа дастгирии занони фермер ва соҳибкорон барои дастрасӣ ба бозорҳои нав дар минтақа, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва илова кардани арзиши маҳсулоти кишоварзии онҳо тавассути коркард ва бастабандӣ мебошад. Сеюм, тақвияти иқтидори институтсионалии мақомоти таъмини оби кишоварзӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об. Ҳадафи ин қисмат баланд бардоштани иқтидори ниҳодҳои масъули идоракунӣ ва тақсими оби ирригатсионӣ, аз қабили мақомоти об ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мебошад. Бо таҳкими иқтидори институтсионалии худ, ин созмонҳо метавонанд қобилияти худро барои идоракунии самараноки захираҳои об, таъмини дастрасии одилона ва нигоҳ доштани тамоми инфрасохтори об дар лоиҳа афзоиш диҳанд.
Дар фарҷом иштирокдорон ва рӯзноманигорон вобаста ба ҳадафҳо, вазифаҳо ва фаъолияту механизми татбиқи лоиҳаҳо дар кишварҳои зикргардида саволу ҷавоб намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ