КАМҚ: Раззоқов ҷосуси Тоҷикистон нест

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, пас аз санҷиш хабари ҳамкории Ҷениш Раззоқов, муовини сарвазири ин кишвар бо хадамоти махсуси Тоҷикистон тасдиқ нашуд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз натиҷаҳои санҷиши овозаҳо дар бораи имкони ҳамкории Ҷениш Раззоқов, муовини сарвазири ин кишвар бо хадамоти махсуси Тоҷикистон хабар додааст.

Дар иттилои ин ниҳод, ки рӯзи 1 апрел пахш шуд, ба дунболи паҳн шудани хабари ҷосусӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 307, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон, яъне “хиёнат ба ватан” боз шуда, аммо дар ҷараёни тафтишот маълумотҳои дар нашрияи интернетӣ мунташиршуда тасдиқ нашудааст.

Мушаххас шудааст, ки нашрияи интернетӣ бо номи «e-tadjikistan.org” фаъолият намекунад. Ҳамчунин, муаллифи мақола Шабнами Собирӣ дар асл вуҷуд надоштааст.

Ду ҳафтае қабл, матбуоти қирғизӣ ба истинод ба як нашрияи интернетии Ҷениш Раззоқовро ҳамчун “ҷосуси Тоҷикистон” қаламдод карданд.

Зимнан, дар соли 2016 сомонаи  “e-tadjikistan.org” иддао карда буд, ки гӯё Разоқов замони раҳбари вилояти Ботканд буданаш дар солҳои 2010 “бар ивази пули калон ба ҷониби Тоҷикистон маълумоти ҷосусӣ медод”.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ҳам рӯзи 25 март ин иттиҳомотро рад карда ва онро “дурӯғ” ва “таҳрикомез” хонд.

Таҳқиқи иттиҳомоти зидди Разоқов дар паи ҷаласаи рӯзи 20 марти парлумони Қирғизистон шурӯъ шудааст, ки дар он гузориши ҳукумат дар бораи музокироти панҷрӯзаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муноқиша дар марзи ду кишвар шунида шуд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар изҳороташ навиштааст: “Дар фаъолияти хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ таҷрибаи бадномсозии чеҳраҳои сиёсӣ ва ходимони давлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба манфиати миллии ин кишварҳо созгор нест, зиёд ба мушоҳида мерасад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *