Камала Ҳаррис ё Доналд Трамп?
Камала Ҳаррис, ноиби президенти Амрико ва номзади Ҳизби демократ дар интихоботи қарибулвуқуъи раёсати ҷумҳурӣ рақибаш Доналд Трампро ба ноустуворӣ ва интиқомҷӯйӣ муттаҳам кард.
Ҳаррис ин суханонро рӯзи 29-уми октябр дар гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар назди Кохи Сафед баён дошт.
Ӯ ваъда дод, ки “раисҷумҳури тамоми амрикоиҳо” хоҳад буд.
Созмондиҳандагонаш гуфтанд, ки дар гирдиҳамоӣ ҳудуди 75 ҳазор кас ширкат дошт, вале ин рақам аз тарафи пулис ва нозирони мустақил таъйид нашудааст.
Бино ба гузоришҳо, ҷонибдорони Ҳаррис дар боғе ҷамъ омаданд, ки чаҳор сол пеш Доналд Трамп суханронӣ карда буд.
Интихоботи президентии Амрико рӯзи 5-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ