КамАз дар Кӯлоб чаппа шуд
Субҳи 8 ноябр дар роҳи Кӯлоб -Олимтой дар наздикии мазори Махсуми Санги Кулӯла дар қарибии ноҳияи Фархор як мошини боркаши КамАЗ бо рақами Маскав чаппа шудааст. Ин мошин пур аз маҳсулоти хӯрока буд.
Бознашр аз «Ахбор»
Хонандагони сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки субҳи 8 ноябр дар роҳи Кӯлоб – Олимтой шоҳиди чаппа шудани як мошини боркаши пур аз маҳсулоти хӯрока шудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор”, ин мошини КамАЗ рақами давлатии шаҳри Маскав, пойтахти Русияро дошт ва ба самти Олимтой маҳсулоти хӯрока мебурд.
Рақами мошин, тавре аз аксҳои фиристодаи шоҳидони ҳодиса дида мешавад, М 808 YO 777 будааст. Шоҳидон мегӯянд, ронандаи мошин дар натиҷаи ин садама ҷон додааст.
Ҳодиса дар наздикии ноҳияи Фархор дар назди мазори Махсуми Санги Кулӯла рух додааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби чаппа шудани мошин ҳанӯз маълум нест. Мақомоти милиса наворбардорӣ аз маҳалли садамаро ба раҳгузарон манъ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ