Камбизоатҳо 400 сомонӣ мегиранд

Маҷлиси намояндагони Тоҷиикстон имрӯз, 10-уми ноябр лоиҳаи қонун “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ”-ро қабул кард, ки бар асоси он оилаҳои камбизоати 40 шаҳру ноҳияи кишвар кӯмакпулӣ хоҳанд гирифт.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, айни ҳол барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ 25 шаҳру ноҳияи пилотӣ, дар маҷмуъ 97 ҳазор оилаи камбизоатро фаро мегирад. Ба иттилои манбаъ соли 2017 ба ин барнома 15 ноҳияи дигар зам мешавад ва дар маҷмуъ 40 ноҳияро дар бар хоҳад гирифт.

Умарзода ҳаҷми кӯмакҳои унвонии иҷтимоиро дар як сол муодили 400 сомонӣ гуфт, ки асосан ба мактаббачаҳо ва инчунин дар намуди ҷубронпулии барқу газ ироа мешавад.

Бархе аз вакилон бо таъкиди муҳимияти ин иқдом даъват намуданд, ки раванди интихоби камбизоатҳо ва ироаи кӯмакпулӣ шаффоф сурат бигирад. Масъулини ҳифзи иҷтимоӣ изҳор доштанд, ки феҳрасти ягонаи иттилоотии оилаҳои камбизоатро таҳия намуда, то ҳол 60 ҳазор оиларо ба он ворид намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *