Камераҳои автоматӣ ва радарҳо ҳам ба кор медароянд
Дар шаҳри Душанбе аз 20-уми июни соли равон камераҳои автоматӣ ва радарҳои дар роҳ насбшуда фаъол карда мешаванд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, таҷҳизоти номбурда панҷ намуди вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд кардани суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, таваққуф дар хатҳои дуюм ва сеюм, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат, монеа эҷод кардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро сабт мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ, дар шаҳр ва атрофи он, дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳо ба шаҳр ва дар ҷойҳое, ки ҳаракати нақлиёт зиёд аст, зиёда аз 6 ҳазор адад чунин техника насб карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ