Камхунӣ. Чӣ тавр бо себу хуч онро табобат кунем?
Фарзандам чанд сол боз ба бемории камхунӣ гирифтор аст. Камҳаракат ва камқувват аст. Чанд бор аз бемадорӣ дар донишгоҳ сараш чарх зада афтодааст. Доруҳои зиёд ба саломатӣ зарар дорад. Шояд табибони халқӣ роҳҳои табобати халқии камхуниро мегӯянд.
СОҶИДА, аз шаҳри Турсунзода
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
— Хоҳари азиз, айни замон ман чанд давои оддиро тавсия медиҳам, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале фарзанди шуморо зарур аст, ки сарчашмаи бемориашро аниқ намояд, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфтаву табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд нусха ҷиҳати табобати камхунӣ.
Ааввал. Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуда як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак якҷоя карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок якқошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим. Мо инро дар таҷриба санҷида, боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.
Дуюм. Як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба якпиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад.
Сеюм. Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ