Камол Қиличдороғлуро 110 соли зиндон таҳдид мекунад

Камол Қиличдороғлу, рақиби президенти ҳозираи Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро барои таҳқиру туҳмат то 110 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ин бора нашрияи Cumhuriyet менависад.

Ба гуфтаи Ҷалол Челик, вакили дифои Қиличдоруғлу, алайҳи зерҳимояаш 28 парванда боз шудааст. Дар аксари мавридҳо Президенти Туркия Эрдуғон даъвогар аст. Илова бар ин, барои аксари даъвоҳо ба сиёсатмадор то чаҳор сол ва дар маҷмуъ барои ҳамаи даъвоҳо 110 сол зиндон таҳдид мекунад.

Номзади мухолифи “Эътилофи мардумӣ” Камол Қиличдороғлу дар даври дувуми интихоботи президентӣ бо гирифтани 47,82% оро аз Эрдуғон шикаст хӯрд. Ӯ пас аз шикаст, бидуни ворид шудан ба парлумон, дахлнопазирии вакилиро аз даст дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *