КАМОЛИДДИН БИНОӢ (1453-1512)

Шоир, хушнавис, таърихнигор ва мусиқидони тоҷик Камолиддин Биноӣ 1453 дар Ҳирот (Қаршии ҳозира) ба дунё омадааст.

Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё омад, ки хурсандии аҳли оила ҳадду канор надошт. Ба ӯ Шералӣ ном гузоштанд. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокор, меъмор буд. Зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ, ки бачаи зирак ва хушзеҳн буд, дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш буд, ки ӯ бисёр илмҳои замонаашро бахубӣ аз худ кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ҳанӯз дар айёми мактабхониаш шеър менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегӯяд:

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб,
Мешудам тифл ҷониби мактаб.
Табъи мавзун маро ғаризӣ буд,
Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд.
Сар зи ман завқи шеър бар мезад,
Шеърам аз рӯйи завқ сар мезад.

Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ карда, ба ҳалқаи адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Соли 1487 ба Табрез рафта, ба хизмати дарбори Султон Яъқуб даромад. Бо Дарвеши Деҳакӣ вохӯрда, бо Қозӣ Исо, ки сарвари адибони он кишвар буд, дӯстӣ пайдо кард. Дар Табрез асосан бо мутолиаи китоб ва ҷамъоварии маълумот барои навиштани маснавии машҳураш «Беҳрӯзу Баҳром» машғул буд. Соли 1491 Биноӣ ба Ҳирот баргашт. Соли 1495 ба Самарқанд омада, бо Бобур шинос мешавад. Баъди ба дасти Шайбониён гузаштани Самарқанд (1500) дар дарбори Муҳаммади Шайбонихон обрӯ ва нуфузи Биноӣ ба дараҷае будааст, ки Шайбонихон навиштани воқеаҳои лашкаркашии худро ба ӯ супурдааст. Биноӣ дар ин дарбор на фақат чун таърихнигори бомаҳорат ва шоир, балки чун донандаи амалия ва назарияи шеъри туркӣ низ эътироф мешавад. Соли 1510, пеш аз Ҳиротро забт кардани Исмоили Сафавӣ Биноӣ зодгоҳи худро тарк карда, чанде дар Насаф зиндагӣ мекунад. Соли 1512 лашкари Исмоили Сафавӣ бо сардории Наҷми Сонӣ аз дарёи Ому гузашта, бисёр мавзеъҳои Мовароуннаҳрро талаву тороҷ кард ва дар Насаф қатли ом фармуд, ки дар ин миён Биноӣ ҳам кушта шуд.

Эҷодияти Камолиддин Биноӣ

Биноӣ адиби пурмаҳсул аст. Вай соҳиби се девон (яке бо тахаллуси «Ҳолӣ» ва дутояш бо тахаллуси «Биноӣ»), се маснавӣ, қасидаҳои зиёд, як сафарномаи насрӣ, чанд рисола оид ба мусиқӣ буд.

Дар байни осори ӯ «Беҳрӯзу Баҳром», қасидаи «Маҷмаъ-ул-ғароиб», рисолаҳои таърихии «Шайбонинома» ва «Футуҳоти хонӣ» шуҳрати бештаре пайдо кардаанд. Ӯ дар мусиқӣ оҳангҳои «Нуҳранг» ва «Савтуннақш»-ро эҷод кардааст. Девонҳои Биноӣ аз ғазалу қитъа ва рубоиву қасида иборат буда, дар якҷоягӣ тақрибан 10 ҳазор байтро ташкил мекунанд. Ғазалу рубоӣ ва қитъаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои анъанавианд. Дар ғазал равияи Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизро пеш гирифтааст:

Мардуми чашмам ба қасди ашки гулгуни мананд,
Рӯи он мардум сияҳ, к-андар пайи хуни мананд.

«Маҷмаъ-ул-ғароиб»

«Маҷмаъ-ул-ғароиб» — қасидаи тӯлоние буда, солҳои 1498—1499 дар Самарқанд эҷод шудааст. Аз ин қасида, ки ҳаҷмашро 501—876 байт ривоят мекунанд, 114 байт боқист. Он аҳаммияти тарҷумаиҳолӣ дошта, муқаддимаи он ба лаҳҷаи тоҷикони Ҳирот аст.

«Беҳрӯзу Баҳром»

«Беҳрӯзу Баҳром» — дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни мақтуъи мусаббағ навишта шуда, номи пурраи он «Достони Беҳрӯзи оқибатфирӯз ва Баҳроми нуҳуссатанҷом» аст ва нусхаҳои мукаммали таҳрири охирини он дар ҳудуди 7700 байтанд.

Биноӣ ба таълифи маснавии мазкур охири солҳои 80 асри 15 шурӯъ карда, онро солҳои 1506-1507 анҷом додааст. Биноӣ дар ин маснавӣ ба василаи саргузашти Беҳрӯз, ки намунаи инсони дорои ахлоқи ҳамида ва Баҳром, ки таҷассуми ахлоқи замима аст ва ҳар ду ба Гулчеҳра ном духтари зебоҷамоле ошиқанд, доир ба масъалаҳои муҳимтарини ахлоқи инсонӣ сухан ронда, ҷоҳпарастиву кибр, ситезакориву кинадорӣ, ғазабу бухл, ҳасаду ғайбат, дурӯғу мастӣ, шикампарастиву серхобӣ ва монанди инро мазаммат карда, адлу дод, афву каримӣ ва дигар хислатҳои неки одамиро тарғиб менамояд. Ин масъалаҳо дар 20 боб баён шудаанд. Дар «Беҳрӯзу Баҳром» инчунин доир ба 32 нафар шахсони таърихӣ, аз қабили Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Қозӣ Исо, Абдулғафури Лорӣ, Низомулмулк, Суфӣ Халил, Уқлидусу Буқрот, Анушервону Бузургмеҳр, Саъдуддини Тафтозониву Саъдии Шерозӣ ҳикоятҳое меорад, ки аҳаммияти таърихӣ доранд.

«Шайбонинома»

«Шайбонинома» — аз таърихи зиндагӣ ва лашкаркашиҳои Муҳаммади Шайбонӣ ривоят карда, бо насри омехта ба назм таълиф гардидааст ва воқеаҳои тақр. то соли 1505-ро фаро мегирад. «Футуҳоти хонӣ» низ дар хусуси «кишваркушоиҳои» Муҳаммади Шайбонӣ ва таърихи хонадони ӯ маълумот дода, бо баёни воқеаҳои соли 1505 поён меёбад. Ин ду асар якдигарро пурра карда, доир ба вазъи умумии давлатҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрону Озарбойҷон, задухӯрдҳои байниякдигарӣ ва кашмакашҳои дохилӣ аз сарчашмаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, дар онҳо Биноӣ назари худро дар бораи тарзи давлатдорӣ, адлу дод ва масъалаҳои ахлоқӣ низ баён кардааст.

Намунаи осор

ҲАМНИШИНИ БАД

Рӯзе аз рӯзҳо магар Беҳрӯз,
Рафт берун ба толеи фирӯз.
Дид биншаста паҳлӯи Баҳром,
Чанд фард аз авоми каланъом
Ваҳ, чӣ анъом, аз сибоъ батар,
Шаклашон дода аз низоъ хабар.
Ҳама авбошу муфсид ӯ пок,
Покашон қалбу қалбашон нопок.
Ду-се ноодаме лаванду дағал,
Нохушоянда ҳамчу бӯйи бағал.
Чашми Беҳрӯз чун бар ӯ афтод,
Оташи ғайрат андар ӯ афтод.
Хонд Баҳромро ба ҷониби худ,
Сохт дар хонааш мусоҳиби худ.
Гуфт: «Маншин бад он табаҳкешон,
То насӯзӣ ба оташи эшон».
Ҳар кӣ шуд ҳамнишини шӯъла чу дуд,
Шуъла дар вай гирифта бинӣ зуд.
Чун ба гургон рафиқ гардад меш,
Оқибат дар фано ниҳад тани хеш.
Кас, ки бо нокасон қарин шуд, рафт
Хас, ки бо шуъла ҳамнишин шуд, рафт.
Ҳар ки атвори неку бад гирад,
Ҳама аз ҳамнишин х (в) ард гирад.
Нек бо бад на кори фарзон (а) аст,
Нон фигандан ба қалби девон (а) аст.
Нек бо бад макун, ки дармонӣ,
Абадуддаҳр дар зарар монӣ.
Накунӣ хоҷа ёрии золим,
Ва-р кунӣ, кай гузорадат солим?

ДАРАХТИ ҶОВИДОН

Буд Кисро нишаста хурраму шод,
Сухани Ҳинд дар миён афтод.
Гуфт шахсе: «Дар он диёри васеъ,
Ҳаст кӯҳе дар он дарахти рафеъ.
Доимо ҳаст меваҳои тараш,
Мурдаро зинда мекунад самараш».
Майли он сӯй намуд Кисроро,
Шавқаш аз ҷо рабуд Кисроро.
Ба яке аз хавоси худ фармуд,
Ки: “Сӯйи Ҳинд рав, талаб кун зуд”.
Рафт то Ҳинд, гашт то як сол,
Ҳама ҷо кард аз он дарахт суол.
Кас хабар з-он дарахту мева надод,
Охираш кард олиме иршод.
Гуфт: «Он кӯҳ мардуми доност,
Илми ӯ он дарахти побарҷост.
Ки аз он мева гар хӯрад эшон,
Зинда гарданд, ҷон баранд эшон».
Мард наздикии Кисро омад боз,
Парда бардошт аз ҳақиқати роз.
Гуфт Кисро: «Яқин, ки ҳеч самар,
Набувад ҳамчу илм ҷонпарвар».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *