Камолоти суханвар
60 барои олим синни камолот аст ва мо ҳам Аъзамҷон Холматович Азимовро бо ин сана табрик гуфта, барояшон саломатӣ, барори кори эҷодӣ ва саодати ҳамешагиро орзу дорем.
профессор Аъзамҷон Азимов 60- сола шуд
…Санаи 5-уми март дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи Модарро хеле бошукӯҳ таҷлил намуданд. Дар рафти ин чорабинӣ сарвари ин даргоҳи илму маърифат академик Муҳаммадюсуф Имомзода васфи фазилатҳои инсонӣ ва хизматҳои бедареғи доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов карда, ба эшон таманниёти нек намуданд. Дар ҷашни бонувон табрик кардани Аъзамҷон Холматович бесабаб нест, зеро дар рӯзи 8-уми март, дар оғози ҷашни баҳор ва иди бонувон эшон мавлуд доранд.
Аъзамҷон Азимов дар Ворухи зебоманзари Исфараи бофайз, дар оилаи муаллим, иштирокчии ҶБВ таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин мебошад. Давроне, ки Аъзамҷон Азимов таҳсил мекард, устодони маъруфе чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Додоҷон Тоҷиев, Ҳилол Каримов, Мушаррафа Қосимова, Абдусаттор Нуралиев, Иброҳим Усмонов, Асадулло Саъдуллоев ва дигар суханшиносони забардаст дар факултаи филология ба таҳқиқу тадрис машғул буданд. Маҳз мактаби ин бузургустодон буд, ки Аъзамҷон дар кӯраи илм гудохта гардид ва тақдири минбаъдаи худро ба таҳқиқ пайванд намуд.
Чун дар он даврон таҳқиқу баррасии масоили мухталифи матбуоти тоҷик оғоз шуда буд, Аъзамҷон Азимов низ бо роҳбарии профессор Иброҳим Усмонов ба пажӯҳиши яке аз давраҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи матбуоти тоҷик – матбуоти солҳои 20-30-юм пардохт ва бори нахуст дар таърихи илми тоҷик муаммоҳои матбуот ва публитсистикаи ин давронро ба таври жарф таҳлилу баррасӣ намуда, соли 1994 рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва унвони номзади илмҳои таърихро гирифт.
Мавриди зикр аст, ки матбуот оинаи ҳаёт ва хотираи таърихии халқ аст. Омӯзиши матбуот ба бисёр муаммоҳои сиёсат, фарҳанг, адабиёт ва забони миллат равшанӣ мебахшад. Махсусан, матбуоти солҳои 20 ва 30-юми асри ХХ-и тоҷик, ки даврони барои миллату давлати мо сарнавиштсозу сарнавиштсӯз ба ҳисоб меравад.
Муҳаққиқи ҷӯё Аъзамҷон Азимов, шояд аз зумраи нафарони ангуштшумор бошад, ки матбуоти ин давронро сафҳа ба сафҳа варақ зада, сатр ба сатр омӯхта, асарҳои илмии худро нигоштааст. Ҳол он ки мо ба ном муҳаққиқонеро медонем, ки нусхаи асли нашрияҳоро надида, дар мавридашон асарҳо менависанд.
Аъзамҷон Азимов фаъолияти таҳқиқии хешро дар масири бештар аз понздаҳ сол вусъат бахшида, соли 2009 унвони илмии доктори илмҳои филологияро дарёфт кард.
Натиҷаи таҳқиқоти бисёрсолаи ин олими пуркор дар китобҳои «Очеркҳо аз таърихи матбуоти тоҷик» (1998), «Воқеияти зиндагӣ ва матбуоти тоҷик» (2000), «Публитсистика ва замони муосир» (2003), «Адабиёт дар матбуоти солҳои сиюм» (2007), «Марзи сухан» (2008), «На заре стоновления» (2010) ва ғайра ҷамъбаст шудааст.
Доираи таҳқиқоти Аъзамҷон Азимов танҳо ба омӯзиши матбуот маҳдуд нашуда, эшон доир ба телевизион, радио ва ВАО-и электронӣ низ мақолаву китобҳо навиштаанд, аз ҷумла «Таърихи ташаккули радиои тоҷик» (2005) ва «Маҳорати журналисти таҳлилгари телевизион» (2010).
Дар ин росто як нуктаро дар мавриди китобчаи «Таърихи ташаккули радиои тоҷик» қайд кардан зарур аст. Ин асар аввалин дастур доир ба таърихи радиои тоҷик мебошад ва солҳои тӯлонӣ барои донишҷӯёни факултаи журналистика ҳамчун дастури таълимии таърихи радио хизмат карда, барои таҳқиқоти минбаъдаи ин мавзӯъ замина фароҳам овардааст. Аз замони нашри ин китоб то ба имрӯз дар факултаҳои журналистӣ донишҷӯе нест, ки аз ин китоб баҳравар нашуда бошад.
Чун сухан аз боби тадрис рафт, мехоҳем аз фаъолияти педогогии Аъзамҷон Азимов ёдовар шавем. Номбурда аз соли 1984 фаъолияти худро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста, дар тарбияи кадрҳои журналистӣ саҳми сазовор гузоштааст. Ҳамчунин, муаллим Азимов солҳои 2002-2007 дар вазифаҳои мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ ва проректор оид ба илми Донишкадаи инноватсионӣ ва комуникатсионии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2010 то ба имрӯз профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди таъкид аст, ки Аъзамҷон Азимов ҳамзамон публитсисти бомаҳорат ва воқеанигори нозукбин ҳам ҳаст. Дар асарҳои бадеиву публитсистии ӯ ҳаёти қаҳрамон ва паёмади амалҳояш мушаххас ва ошкоро ба қалам дода мешавад. «Нишоти умр» (2000), «Гавҳаршинос» (2001), «Ҳадиси дӯст» (2007), «Перояи умр» «Оташи меҳр», «Озодамард» (2008) китобу маҷмӯаҳое ҳастанд, ки асарҳои бадеиву публитсистии эшонро фаро гирифтаанд.
Дар умум, Аъзамҷон Азимов муаллифи зиёда аз 20 китобу дастури таълимӣ, 100 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 200 матлаби публитсисӣ аст. Аъзамҷон Азимов узви конфедератсияи байналхалқии журналистон, узви ИЖ Тоҷикистон ва Шӯрои дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ дар назди ДМТ аз рӯйи ихтисоси журналистика мебошанд.
Барои хизматҳои бисёрсола ӯ бо Ҷоизаи ИЖ Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2008), нишони Аълочии матбуоти ҶТ (2003), Аълочии фарҳанги ҶТ (2004), Аълочии маорифи ҶТ (2005), орденҳои «Барои хизмати шоён» (Федератсияи Россия, 2015) ва медали «100 — солагии матбуоти тоҷик» (2012) тақдир шудааст.
Аммо бузургтарин ҷоиза барои ӯ шогирдони муваффақаш ҳастанд, ки солҳои дароз дар расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар фаъолият доранд.
60 барои олим синни камолот аст ва мо ҳам Аъзамҷон Холматович Азимовро бо ин сана табрик гуфта, барояшон саломатӣ, барори кори эҷодӣ ва саодати ҳамешагиро орзу дорем.
Барно Соҳибова,
номзади илмҳои филология,
Одил Соҳибов,
унвонҷӯ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ