Кампирдухтар
“Се бор шавҳар кардам, вале то ҳол бокираам”,-мегӯяд момаи Зулфинаи 70-сола
Бибии бе набера
Якшанбеи гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконам ба хонаи як хеши дури падарам ба тӯй рафтем. Меҳмонони зиёде аз гӯшаю канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба маърака омада, суҳбати гарму ширине доштанд. Баногоҳ пиразани нуронии зебое аз дар даромад. Синну соли ин зан ба ҷое расида бошад ҳам, чеҳраи гарме дошт ва аз рӯяш нур меборид. Занҳо ба эҳтироми меҳмони нав аз ҷой бархостанд ва баъди ба ҷо овардани одоби салом хостанд пиразанро дар таги чодар шинонанд, то ки арӯсак низ ба синну соли ин кампири табаррук бирасад, вале аз чӣ бошад, ки пиразан рад карда гуфт:
-Ба зери чодар намедароям, намехоҳам арӯс ба мисли ман бебахт шуда, азоб кашад. Худованд он рӯзҳои сахтеро, ки ман аз сар гузарондам, ба ягон бандааш нишон надиҳад…
Аз ин суханони кампир чизе нафаҳмида, саволомез ба холаам, ки дар паҳлӯям нишаста буд, нигаристам. “Момаи Зулфина 70-сола шуда бошад ҳам, то ҳол духтар аст”,- пичиррос зад дар бехи гӯшам холаам. Ҳайрон шуда пурсидам:
-Пир шуда бошад ҳам, то ҳол чеҳрааш нур дорад. Наход, ки чунин зани зеборо ягон кас талабгор нашуда бошад?
-Талабгорони вай аз мӯйи сараш ҳам бисёртар буданд. Се бор шавҳар кард, вале…
-Се бор шавҳар карда бошад, чӣ хел то ҳол духтар будааст?-ҳайрон шуда, пурсидам аз холаам.
-Ин ҷо ҷойи гап нест. Тӯй, ки тамом шуд, аз худаш пурс, ҳамаашро нақл мекунад,-гуфт холаам ба суҳбат хотима гузошта.
Дарди дили момаи Зулфина
Меҳмонҳо бо ҳам ҳазлу шӯхӣ карда механдиданд, нақлҳои аҷоибу ғароиб мекарданд, вале фикру зикри ман ба духтаркампир банд буд. Аз афташ момаи Зулфина нигоҳи кунҷковонаи маро пай бурд, ки табассум карда гуфт:
-Духтарҷон, бисёр ба меҳр нигоҳ карда истодаӣ, маро ба ягон кас монанд кардӣ?
Лаб газида гуфтам:
-Момаҷон, ман шуморо ба ягон кас монанд накардаам, вале як чизро пурсидан мехоҳаму…
-Пурс духтарам, пурс! Пурсидан айб нест,-даст афшонд кампир.
Забон хоида гуфтам:
-Мабодо саволи ман боиси озурдагии хотиратон нагардад гуфта, метарсам…
-Мехоҳӣ донӣ, ки барои чӣ момаат ягон набера надорад?-Аз нигоҳам рамуз гирифта гуфт кампири Зулфия ва сар ҷунбондани маро дида, оҳи сарде кашид, сипас ба нақл кардани саргузашташ шуруъ намуд. Акнун гӯшу ҳуши тамоми меҳмонон ба ин зани солхӯрда буд, зеро тақдири талхи ин зан ҳамаро ба ҳайрат овард…
Духтари сархӯр
Ман 7-рӯза будам, ки падарамро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ куштанд. Хати сиёҳаш омада бошад ҳам, ҷасади падарамро пайдо накарданд. Бобою бибиам “ту як духтари сархӯр зоидӣ” гӯён, модари бечораамро зада-зада, аз хона пеш карданд. Бечора очаам дар он замони душвор бо 8 фарзанд чӣ кор карданашро надониста, мани навзодро ба ятимхона месупорад. Азбаски давраи қаҳтӣ буд, модарам аз гуруснагию хунукӣ ба касалии сил гирифтор шуда, баъди чанд моҳ бо дили пурормон аз дунё мегузарад. Баъди сари модарам акаву апаҳоямро, ки тамоман бе соҳиб монда буданд, хешу табор байни худ яктогӣ тақсим мекунанд. Ҳамин тавр, мо ҳашт хоҳару бародар дар ба дар шудем, аммо…
Бозгашт аз интернат
Ман 8 сол дар интернат будам. Дар ин миён ҷанг ба охир расида, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва акаву апаҳоям ба камол расиданд. Ду бародари калониам зан гирифта, хонаи падариамонро аз нав обод намуданд ва маро аз ятимхона гирифтанд. Албатта бо янга зистан кори осон нест, вале ба ҳар ҳол мани ятим Худоро сад бор шукр мегуфтам, ки бо фарзандони падарам зери як бом зиста истодаам…
Мардгурез
Ҳамаи акаҳоям зан гирифтанд, апаҳоям бо обрӯ шавҳар карданд, акнун навбати ман расида буд, вале аз чӣ бошад, ки номи мардро шунавам, девона мешудам. Дар ҳамсоягии мо Элмурод ном ҷавони зебое зиндагӣ мекард ва ба қавли худаш ошиқи шайдои ман буд, вале ман ӯро аз хук ҳам бадтар медидам. Бечора бача хушгӯӣ карданӣ шуда, гап мепартофт, вале дар ҷавоб хун ба сарам зада, сангу кулӯх ва ҳар чизи дигари аз пешам баромадаро ба сӯяш ҳаво дода, Элмуродро дашномҳои қабеҳ медодам.
Ин рафтори ман аз чашми бародаронам дур намонд ва акаи калониам Муҳсиддин, ки худаш духтур бурд, маро ба назди табиби занона бурд. Пас аз муоина духтар ба бародарам ошкоро гуфт, ки узвҳои ҷинсии ин духтар инкишоф наёфтаанд ва ӯ ҳаргиз на шавҳар карда метавонаду на модар шуда…
Як гулу сад харидор
Солҳо турнасон гузаштанду синну соли ман ба 30 дакка хӯрд. Дар ин миён садҳо хостгор дарамонро кӯфта бошад ҳам, ман худамро девона карда, мурданро ба гардан мегирифтаму ба шавҳар баромаданро не. Оҳиста-оҳиста пою қадами хостгорон канда шуд ва ман оҳи сабук кашидам, ки дигар касе ҷонамро ба лабам оварда “шӯ кун” намегӯяд, вале….
Арӯси гуреза
Имом-хатиби масҷиди деҳаамон, ки Домулло-Абдузокир ном дошт, чанд бор бародаронамро ҷанг карда гуфтааст, ки хоҳаратонро бо кадом роҳе, ки набошад, ба шавҳар диҳед, чунки ҳар як зан нафс дорад ва умрашро бе мард гузарониданаш аз нигоҳи ислом гуноҳи азим аст. Бо маслиҳати ҳамин мулло бародаронам маро зӯран ба марде, ки шояд ҳамсоли падарам буд, бе ягон тӯю сур никоҳ карда доданд, аммо шаби аввали арӯсӣ ман аз оғӯши домод гурехта, соати дуи шаб бо чашми пуроб ва доду фиғон пойи пиёда аз деҳаи Чанори Сӯхта ба хонаи худамон, ки се деҳа болотар буд, омадам. Шавҳарам аз пасам бо асп омада, хост маро дубора ба хонааш барад, вале худамро дар пеши пойи бародаронам партофта, гуфтам, ки агар маро бо ин мард фиристанд, ҳам худамро мекушаму ҳам ӯро. Мӯйсафеди бечора аз таҳдидҳои ман тарсида, дар шоҳидии бародаронам талоқамро доду баромада рафт….
Хушдоманамро лагадкӯб кардаму…
Бародаронам бо гумони он ки шояд бо сабаби пир буданаш ман бо шавҳарам зистан нахостам, баъди чанд вақт маро ба писари тағоям, ки аз худам ҳамагӣ 3-4 сол калон ва занаш сари фарзанд рафта буд, ба шавҳар доданд. Ин дафъа низ мисли дафъаи аввал худамро ба девонагӣ зада, намондам, ки домод ба ман ҳатто наздик шавад. Хушдоманам, яъне зани тағоям хост ба писараш ёрӣ расонда, маро зӯран ба оғӯши ӯ андозад, вале дар сари қаҳру ғазаб янгаи бечораамро чунон лагадкӯб кардам, ки қариб мурда буд. Писари тағоям бо як азоб модарашро аз таги шаттаи ман халос карда, ба берун баровард, то ки дар ҳавои тоза ба худ биёяд. Аз фурсат истифода бурда, мани наварӯс рӯ ба гурез ниҳодам…
Туҳмат
Зани тағоям баъди аз оғӯши писараш гурехтанам овоза паҳн кард, ки ман ошиқ дорам, барои ҳамин бо ягон марди дигар зистан намехоҳам.
Бародаронам шабу рӯз қаровулӣ мекарданд, то маро бо ошиқам доранд. Шабҳо то саҳар нахуфтани онҳоро дида, хандаам меомад, чунки дӯст доштану ишқу ошиқӣ кардан он тараф истад, ман бо ягон мард ҳатто гап намезадам. Мардро бинам, дилам беҳузур мешуд…
Шавҳар не, Азроил
Субҳгоҳон ҳамроҳи дигар занону духтарон ба пахтачинӣ мерафтем. Дар сари замин ҳам мудом гапи ман буд. Занҳо умратро беҳуда нагузаронда, тезтар ягон одамро ёфта гир, гӯён, ҷонамро ба лабам мерасонданд. Аз гапу калочаи мардум безор шуда, ночор бори сеюм ба шавҳар баромадам. Ба худ қавл дода будам, ки чӣ хеле набошад, ин дафъа тоқат карда, зиндагӣ мекунам, вале нашуд.
Шаби аввали арӯсӣ вақте ки домод ба ман наздик шуд, ба назарам чунин намуд, ки ин мард не, Азроил аст ва барои гирифтани ҷони ман омадааст. Бо тамоми овоз дод задам, ки ба ман наздик нашав. Шавҳарам ба доду фиғонам эътибор надода, хост зӯран бо ман ҳамхоба шавад. Қасди ӯро пай бурда, худамро аз тиреза ба берун партофтам ва табарро аз кундаи дарахт кашида гирифтаму дубора ба хона даромада, бо чашмони оташбор таҳдид кардам:
-Ба ман наздик шуда бин, мағзи саратро бо ҳамин табар пош медиҳам!
Бо дидани арӯси табар ба даст домод талхакаф шуда, дарақ-дарақ меларзид. Вай дар пеши поям афтида, зорӣ кард, ки аз гуноҳаш гузарам, аз безанӣ мурад ҳам, дигар ба ман наздик намешавад.
Ҳамин тавр шаб то саҳар дар як дастам табару дар як дастам корд дар хонаи домод бедор нишастам ва баробари дамидани субҳ роҳи хонаи акаамро пеш гирифтам…
Ҷинбарор
Хабари аз хонаи шавҳари сеюмам низ фирор кардани маро шунида, ҳаққу ҳамсояҳо овоза карданд, ки Зулфия ҷини мардина дорад ва ҷин ӯро никоҳ карда гирифтаасту намемонад, ки бо ягон марди дигар зиндагӣ кунад…
Бародаронам ба сафсатаи мардум бовар карда, аз ким-куҷо муллоҳои машҳури ҷинбарорро ёфта меоварданд. Муддати се моҳ маро ҷинхонӣ карданд, вале тамоми аъзои баданам аз зарби қамчини домуллоҳо сиёҳу кабуд гашта бошад ҳам, дилам ба ҷинси мард ҳеҷ гарм нашуд, ки нашуд. Ба ҷойи он ки аз банди “ҷин” халос шуда, минбаъд одамвор зиндагӣ кунам, баръакс нафратам ба ҷинси мард даҳчанд гашт. Акнун дар пешам номи ягон мардро бигиранд, дилам беҳузур мешуд…
Кампирдухтар
Ҳамин тавр, се бор шавҳар карда, ман духтари бокира мондам. Синну солам аз 70 гузаштааст. Ҳамсолони ман кайҳо соҳиби набераву абера шудаанд, вале мани кампирдухтар то ҳол дар хонаи акаҳоям зиндагӣ мекунам. Бародаронам аз дунё гузаштанд, вале фарзандонашон бо ман бисёр меҳрубонанд. хонаву дар ва фарзанд надошта бошам ҳам, ҷиянҳоям намегузоранд, ки азоб кашам. Ягон ҷоям дард кунад, ҳама кору борашонро партофта, маро ба духтур мебаранд. Мегӯянд, ки аз ман бӯйи падар ба машомашон мерасад. Мани пиракӣ ҳамеша дуои ҷони ҷиянҳои меҳрубонамро карда мегардам, вале дар ягон тӯй ба таги чодари арӯсӣ намедароям, чунки намехоҳам ягон арӯс ба мисли ман бе бахту бе тахт ва бе фарзанд монад…
Р.Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ