Кампири наберакуш 18 сол гирифт
Суди вилояти Хатлон Хоҷарой Ашӯрова, сокини 58-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо гуноҳи қатли набераи хурдсолаш ба 18 сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти суди вилояти Хатлон рӯзи 11-уми декабр гуфтанд, ки Ашӯрова муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт паси сар хоҳад кард. Қаблан прокурор барои ӯ 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.
Куштори Беҳрӯзҷони сесола 12-уми сентябри имсол рух дода, ҷасадашро баъди шаш рӯзи он пайдо карданд. Ҳоҷарой Ашӯрова, модаркалони Беҳрӯзҷон, ба муфаттишон гуфтааст, ки аз ҷанҷолу нофармонии келини хонавода (духтари хоҳараш, ҷиян) ба дод омада буд ва мехост, аз ин тариқ интиқом бигирад. Куштори набера аз тарафи бибиаш дар ҷамоати “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сару садои зиёдеро ба бор овард. Тафтишот гуфта буд, пиразан кӯдакро ба канале, ки аз он ҷо об мегузашт, бурда ва дар зери лой гӯрондааст. Ҷасади кӯдак рӯзи 18-уми сентябр дар ҳолати порашуда пайдо шуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ