Кампири Рухсора: Худамро бо фарзандонам оташ мезанам, агар…

Масъулони кумитаи замин 12 сотих замини боғи як пиру кампиреро, ки ду фарзандашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия вафот карда ва тарбияи се набера бар дӯши онҳо афтодааст, гирифта, барои сохтани манзил ба як афсари вазорати дифоъ додаанд.

Бознашр аз «Ахбор»

Рухсорамо Абророва мегӯяд, ҳама зиндагиашон аз ҳисоби ҳамин боғи нок буд ва агар боғашонро бигиранд, худкушӣ хоҳад кард.

Баъди ду соли даводав ба Маҳмадсодиқ Маҳмадиевич Худоёров, афсари қисми ҳарбиии 07033-и қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии артиши Тоҷикистон муяссар шуд, ки қарори ҳукумати ноҳияи Рашт барои ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ дар зодгоҳаш – деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаро ба даст биорад.

Дар қарори ҳукумат бо имзои раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода аз 21 ноябри соли 2017 гуфта мешавад: «Ба сокини деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода Худоёров Маҳмадсодиқ Маҳмадиевич бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ, аз ҳисоби заминҳои дохили деҳаи Яшм ба андозаи 0,12 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад.”

Маҳмадсодиқ Худоёров барои гирифтани замин ду сол таку тоз кард ва танҳо вақте қарорашро бароварданд, ки гуфт, агар заминаш надиҳанд, ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шикоят мебарад.

Ва баъди судури қарори раиси ҳукумати ноҳия алакай рӯзи 25 ноябр раиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт ба деҳаи Яшм омад, то аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳамид Мансуров барои Маҳмадсодиқ Худоёров 12 сотих замин ҷудо кунад. Вале зоҳиран маслиҳаташон бо раиси хоҷагии деҳқонӣ ҷӯро наомад ваё чунон ҷӯр омад, ки масъалаи замини Худоёров боз ба қафо партофта шуд.

Раиси кумитаи замин бори дувум рӯзи 26 ноябр ба Яшм омад ва ин бор тасмим гирифт, 12 сотих аз замини боғи ноки хонаводаи, ба истилоҳи роиҷи имрӯза, «бепуштупаноҳ”-и Муродхӯҷа Зоиров ва ҳамсараш Рухсорамоҳ Абророваро бурида, ба афсари вазорати дифоъ диҳад.

Муродхӯҷа Зоиров 65 сол ва ҳамсараш Рухсорамоҳ Абророва 58 сол доранд. Ду писари онҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҷон ба ҳақ супурда, як писари дигарашон дар Русия ҳамсари рус гирифтаву ҳамонҷо мондааст.

Рухсорамоҳ Абророва мегӯяд, баъди ҳалокати писаронаш нигоҳубини ду келин ва се набера бар ӯҳдаи ӯву шавҳари солхӯрдааш афтодааст ва зиндагии онҳо танҳо аз ҳисоби ҳамин боғи нок таъмин мешуд: «Моро одамони бесоҳибу бепуштупаноҳ дида, чашмашонро ба боғи мо ало карданд. Агар боғро аз дасти мо бигиранд, мо бе як бурда нон мемонем. Агар ин корро кунанд, худамро дар байни мардум алав мезанам, чунки ягон илоҷи дигар надорам.”

Писари калонии ин хонавода Саидбег Зоиров соли 2013 дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз қабати сеюми як бино ҳангоми тармими берун(фасад)-и он бино ба замин афтода, ҷон дод. Аз Саидбек се фарзанд ятим монд – ду духтари якеаш ҳоло 9-солаву дувумӣ 7-сола ва як писар, ки ҳоло ҳамагӣ 5 сол дорад. Саидбек ҳамагӣ 33 сол дошт, ки дар мулки ғурбат ҷон ба Ҳақ супурд.

Писари хурдии Муродхӯҷа Зоиров ва Рухсорамоҳ Абророва – Амирбег Зоиров – соли 2015 дар шаҳри Маскав аз бемории менингит вафот кард. Амирбек ҳамагӣ 31 сол дошт ва ҷанозаи ӯро мисли ҷанозаи бародари калониаш дар тобут аз Русия ба Ватан оварданд.

Сокинони деҳаи Яшм мегӯянд, дар ҳудуди ин деҳа замин кам нест, вале мақомоти Кумитаи замин, ки ҷуръати сарбасар шудан бо заминдорҳои сарватманду бонуфузро надоранд, оилаи Муродхӯҷа Зоировро бесоҳиб дида, маҳз ба замини боғи ноки ӯ чашм дӯхтаанд.

Хонаводаи Муродхӯҷа Зоиров аз соли 1994 ин боғи нокро нигоҳубин мекунад. Замини боғ аввал 1,5 гектар буд, вале дар солҳои 2000-ум як қисми заминҳои ин боғро барои 4 оилаи эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда доданд ва ҳоло тақрибан 80 сотихи боғ дар дасти ин оила мондааст. Муродхӯҷа Зоиров дар замини боғ барои ду фарзандаш хона сохта буд, ки мутаассифона, умр вафояшон накард ва ҳаваси худро аз зиндагӣ шикаста натавонистанд.

Муродхӯҷа Зоировро алакай ба ҷамоат ва ба ҳукумати ноҳия даъват карда, талаб кардаанд, ки ба Худоёров замин ҷудо кунад, вагарна… сертификати замини боғашро бекор мекунанд ва аз он боғи нок пурра маҳрум хоҳад шуд.

Ҳамсӯҳбатон аз деҳаи Яшм мегӯянд, тамоми рӯзии оилаҳои ин оила аз ҳисоби замини ҳамин боғ аст. Онҳо аз мақомоти ноҳияи Рашт, бахусус аз раиси ноҳия Қаноатшоҳ Лоиқзода мехоҳанд, ки боғашонро аз дасти ин пиру кампири бесоҳиб нагиранд.

«Ин, гуноҳ аст охир кашида гирифтани як бурда нони даҳони як камбағали бечораву бесоҳиб!” – гуфт як ҳамдеҳаи Рухсорамоҳ Абророва дар поёни сӯҳбат.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *