Кампири штангабардор

Шэри Мобли штангаи вазнаш 138 килограммаро бардошта, ғолиби озмун гаштааст. Ин пиразани паҳлавон машқҳои варзиширо аз синни 60-солагӣ оғоз кардааст.

Дар иёлоти амрикоии Арканзас як зани 69-солаи нафақахӯр дар варзиши навъи пауэрлифтинг дар байни одамони калонсол  рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Шэри Мобли  штангаи вазнаш 138 килограммаро бардошта, ғолиби озмун гаштааст. Ин пиразани паҳлавон машқҳои варзиширо аз синни 60-солагӣ оғоз кардааст.  

Сараввал Мебли ба толори варзишӣ танҳо бо мақсади шифо ёфтан аз бемории остеопороз рафта, баъдан ба вазнбардорӣ дил бастааст.

Пиразани штангабардор ҳамагӣ 55,8 килограмм вазн дорад, вале вазни аз худаш ду баробар зиёдро бардошта метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *