Канда шудани куҳпора дар роҳи Душанбе-Хуҷанд (аксҳо)

Шоми дирӯз, тақрибан соати 22 дар километри 45 — уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад.

Тавре Филиал «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷаи ин ҳодиса, як қисмати куҳпораи мавриди назар автомобили барои интиқоли газ махсусгардонидашударо пахш намуда, осеби ҷиддӣ расонид. “Хушбахтона, ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Кормандони филиали Ширкат филфавр ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пайомади онро рафъ намуданд”- мегӯяд, ширкат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *