Кандани дандон дар клиникаҳои шахсӣ манъ шуд

Дар шаҳри Душанбе бештари дандонпизишкҳо аз ироаи баъзе хадамот, аз ҷумла кандани дандони муштариҳо, даст кашидаанд. Мегӯянд, барои кандани дандон дарёфти иҷозати махсус зарур аст ва онҳо чунин иҷозат надоранд.

Ба корафтодаҳо машварат шудааст, ки ба бемористони давлатии воқеъ дар маҳаллаи «Якум Советский»-и пойтахт раванд. Ҷое, ки Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъол аст.

Муродалӣ Меликов, як масъули Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ, рӯзи 12-уми декабр гуфт, «аз ин ба баъд танҳо дандонпизишкиҳое ҳаққи кандани дандонро хоҳанд дошт, ки иҷозатномаи расмӣ доранд».

Ӯ гуфт, «ҳуҷраҳое, ки то ин вақт барои табобати дандон иҷозатнома доштанд, пинҳонӣ дандон меканданд. Ҳоло назорат сахт шудааст ва дигар ин корро карда наметавонанд. Табобати дандон ва кандан ё ҷарроҳиии он аз ҳам фарқ дорад. Агар шароити зарурӣ дошта бошанд, ба онҳо иҷоза дода мешавад, вагарна — не».

Маҳмадулло Қосимзода, мудири Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй (бемористони “Якум Советский”) ҳамагуна “монополоия” дар бахши дандонпизишкиро рад кард. Ба бовари ин табиби тоҷик, соҳибони нуқтаҳои дандонпизишкӣ нахуст бояд ҳама шароитро барои мизоҷон омода кунанд ва сипас ба фаъолият давом диҳанд.

“Касе ин соҳаро монополия карданӣ нест, танҳо талабот сахттар шудааст. Агар ба талабот риоя кунанд, ҳоҷати ба назди мо фиристодани беморон нест”, — гуфт ӯ.

Дандонпизишкӣ яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи тиб дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Аммо ба дунболи як интиқоди раиси ҷумҳур дар рӯзи 1-уми сентябри имсол ин бахш зери заррабини мақомот қарор гирифт. Тафтиши кори дандонпизишкҳо ба таври густурда оғоз ёфт.

Мақомоти соҳаи беҳдоштӣ гуфтанд, ки ҳадафашон пешгирӣ аз сироятёбии мизоҷон ба бемориҳо дар нуқтаҳои дандонпизишкӣ аст.

Порлумони Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта барои ба вируси норасоии масунияти бадан ва ҳепатит гирифтор кардани муштариҳо дар дандонпизишкиву кошонаҳои ҳусн аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таъйин кард. Барои такрори ин амал табибон аз 8 то 12 сол зиндонӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *