Канори Арху: Ҳайрат ва фароғати сафирон

10 августи соли равон бо ташаббуси раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода намояндагони беш аз 25 корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, рӯзноманигорон аз Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и дараи Ромит дидан намуданд.

10 августи соли равон бо ташаббуси раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода намояндагони беш аз 25 корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон,  рӯзноманигорон  аз Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и дараи Ромит  дидан намуданд.

Ин маҷмааи тозабунёд, ки дорои меҳмонхонаи замонавӣ, ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад, чанде пеш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Меҳмононро бо садои карнаю сурнай, таомули миллӣ дар даромадгоҳи истироҳатгоҳ  Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат пешвоз гирифт.

Меҳмонхонаи панҷошёна  ва маҷмааи истироҳатӣ  дар мавзеи хушманзара, иҳотаи кӯҳҳои осмонбӯс ва канори дарёи пуртуғёни Арху қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. Чорошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Ислом Ҳайдарзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат дар суҳбат иброз дошт, ки соли 2016 раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо ҳайати ҳамроҳон ба ин мавзеъ омаданд. Раис  зебоии ин ҷоро дида, тасмим гирифтанд, ки дар ин ҷо бояд  ба макони истироҳатӣ ва фароғатӣ табдил ёбад. “Баъдан, соли 2018 корҳои бунёдкорӣ дар ин ҷо оғоз гардида, ба макони афсонавӣ табдил дода шуд. Ҳарчанд дар шаҳри Ваҳдат  зиёда аз 350 ҳазор аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд, аммо мутаассифона,  то имрӯз сокинон  ин ҷойҳоро надида буданд. Ҳатто мо — кормандони мақомоти шаҳр ба ин мавзеъ наомада будем. Хушбахтона, бо тасмими раиси шаҳри Ваҳдат ва эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боис гардид, ки аз ин мавзеъҳо дидан намудем. Имрӯз мо дар суҳбат бо сафирон мебинем, ки ба онҳо ин мавзеъ хуш омадааст ва пешниҳод доранд, ки бо аҳли оилаи худ ба ин ҷо омада, истироҳат кунанд”.

Ба гуфти Ҳайдарзода, меҳмонхонаи маҷмаа дар як вақт имкон дорад, ки ба 70 нафар хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Он  дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхонаи тозабунёд кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хоса фарқ мекунад.

Хонаи миллӣ

Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъанаҳои ниёкони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сарулибос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ба таври зебо оро ёфтааст. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона ороёфта меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо урфу одат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта бештар ошно гарданд.

70 километр аз Ваҳдат то Арху

Биноҳои Маҷмааи сайёҳии «Арху» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расидааст.

Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва ду толори саққобозӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.

Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳангоми сохтмони ин маҷмааи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон ба инобат гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшунигори миллӣ ва кандакорӣ дар чӯб моҳирона сохта шудаанд ва ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Дар ин ҷо ба масофаи 300 метр ҷӯй ва пайраҳаҳо бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат оро ёфтаанд, он  диққати ҳар меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб намуд.

Ҳамзамон, ба хотири зебову назаррабо гардидан, атрофи маҷмааи замонавӣ сабзазор гардида, гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудаанд.

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Бахтовар Сафаров

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *