Канзи шифо: 10 фоидаи карам

Карам барои саломатии инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби он қанд, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо (С, Р, В, В2, РР, К, Е) ва каротин, пантотен ва кислотаи фолий, равған, ферментҳо, калий, калтсий, йод, марганес, оҳан ва намакҳои дигар элементҳо ҳаст. Барги карами резакардаро ба сӯхтаҳо, ҷойи хунукзада, захмҳои пӯст компресс кунанд, шифо ёфтани захмҳоро метезонад.

Пайвасткунакҳое, ки дар карам ҳастанд, фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар, организмро аз токсинҳо ва холестеринҳои гуногун тоза мекунанд ва дар рӯдаҳо микрофлораи судмандро ташкил медиҳанд.

Нӯшидани шарбати карам метавонад панкреатит, захми меъда, гастрит, холетсистит, пиэлонефрити музминро табобат кунад.

Барои кам кардани миқдори шакар дар хун, ба шарбати карам оби ширгарм илова кунед ва ним соат пеш аз хӯрок чоряк истакон нӯшед.

Ҳангоми зардпарвин, қабзият, гастрит, дисбактериоз ва хастагии доимӣ нӯшидани шарбати карам тавсия карда мешавад.

Нӯшидани шарбати карам барои рафъи доғҳои рӯй кумак мекунад.

Дар кадом ҳолатҳо карамро истеъмол намекунанд?

Шахсоне, ки дар панкреатит доранд, дар шикам ва қафаси сина ҷарроҳӣ шудаанд, бояд аз истеъмоли карами тару тоза худдорӣ кунанд.

Карамро дар ҳолатҳои истихроҷ дар меъда ва рӯда, захми меъда, фаъолияти ғадуди сипаршакл истеъмол кардан мумкин нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *