Канзи шифо: 10 хусусияти анҷирқоқ
Бино ба маълумоти Ҷолинус, анҷирқоқ меъдаро тоза мекунад. Ба ақидаи Абӯалии Сино, истеъмоли анҷирқоқ дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст.
Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза мекунад. Агар аз решаи он якҷоя бо решаи бунафша, сода ва оҳаки шукуфта малҳам сохта, ба нохун банданд, касалии нохунхӯракро шифо мебахшад.
Бо ҷӯшоби анҷирқоқ ҳангоми варам кардан гулӯро ғарғара мекунанд. Ғӯраи анҷирқоқро ба доғҳои модарзодӣ ва озах мебанданд.
Абӯалии Сино бо шароби анҷирқоқ сулфаи куҳна, дарди сандуқи сина, омоси шуш ва найчаҳои шушро табобат мекард. Абӯалии Сино ҷӯшоби анҷирқоқро барои муолиҷаи гирифтани овоз тавсия додааст.
Анҷирқоқ барои бемории саръ, махав, обхӯра ва шукуфа, шираи он барои чашмдард, дандондард, шукуфа муфид аст. Барги анҷир сабӯсаки сарро нест мекунад, шилми он гули чашмро меравонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ