анемия

Канзи шифо: 3 роҳи осони табобати камхунӣ

Духтарам ба бемории камхунӣ гирифтор аст. Нав ба шавҳар баромад. Мегӯяд, ки аз камқувватӣ аз уҳдаи кору бори хонаи шавҳар намебарояд. Аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев хоҳиш мекунем, ки усулҳои халқии табобати камхуниро нишон диҳанд.

Соҷида САТТОРОВА, шаҳри Турсунзода

Посухи табиб:

— Айни замон мо чанд давои оддиро тавсия медиҳем, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале духтаратонро бояд аз ташхис гузаронида, сарчашмаи бемориашро аниқ намоед, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфта, табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд нусха ҷиҳати табобати камхунӣ.

Якум. Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуда як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак якҷоя карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок якқошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим. Мо инро дар таҷриба санҷида, боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.

Дуюм. Як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба як пиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад.

Сеюм. Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *