Канзи шифо: 5 гиёҳи муъҷизаноке, ки асабро ором месозанд
Солиёни зиёдест, ки муаллими донишгоҳ ҳастам. Дарсҳои зиёд ва корҳои илмӣ асабҳоямро хаставу афсурда кардаанд. Вақтҳои охир бо андак гап ба ғазаб меоям, зуд-зуд асабӣ мешавам. Аз саҳифаи “Канзи шифо”-и “Тоҷикистон”, ки пайваста тавсияҳояшро мехонам, мехоҳам, ки чанд роҳи табобатро бароям пешниҳод кунанд.
С. СОБИРОВ, шаҳри Душанбе
— Аз эҳтимол дур нест, ки асабонияти шумо таъсири хастагии зиёд бошад. Бисёре аз олимон ба хотири пеш бурдани зиндагӣ ва анҷоми таҳқиқот ҳатто рухсатии меҳнатӣ намегиранд ва пайваста кор мекунанд. Агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, фавран аз пайи саломатиатон шавед. Ба шумо чанд гиёҳи дастрасро тасвия медиҳем, ки асабро ором менамоянд. Ҳамарӯза аз ин гиёҳҳо даво тайёр карда бинӯшед.
Якум. Решаи сунбул (валериана)-ро бо пудинаи боғӣ ва гули бобуна якҷоя карда, як қошуқи ошхӯрии ин гиёҳҳоро дар 200 грамм оби ҷӯш дар зарфи сирдор аз шаб то саҳар дам кунед, сипас соф карда, дар ягон зарфи шишагин бирезед. Рӯзе 3-4 маротиба аз ин гиёҳоб дуқошуқӣ бинӯшед, асабатонро ором менамояд.
Дуюм. Ниёзбӯ, тухми карафс ва решаи сунбулро ба миқдори баробар гирифта, омехта намоед ва ду қошуқашро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомадаро бирезеду монед то саҳар истад. Дар давоми рӯз чанд маротиба нимпиёлагӣ аз ин даво бинӯшед.
Сеюм. Асабоният ҳамроҳ бо фишори хун бошад, давои зерин ба дарди шумо мехӯрад: пудинаи сиёҳ, кокутӣ, карафс (реша, барг ё тухмаш) ниёзбӯ (мелиса), решаи сунбул ва дӯлонаи сурх. Решаи сунбул ва дӯлонаро дар зарфе гирифта, 15 дақиқа дар бухори об нигоҳ доред, сипас гиёҳҳои дигарро андохта, монед ним соат истад. Пас аз ин давои ҳосилшударо соф карда, сеқошуқӣ рӯзе 4-5 маротиба бинӯшед, асабҳоятон ором, фишори хунатон муътадил ва табъатон болида мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ