Канзи шифо: 5 сабаби сулфидани кӯдак дар фасли баҳор

Духтарчаи сесолаам як ҳафта боз месулфад, вале таб надорад. Барои халосӣ аз сулфа аз дорухона барояш чанд намуд нушдору (сироп) харидам ва рӯзе 3-4 маротибагӣ ба фарзандам хӯронда истодаам, вале ҳеҷ нест, ки сулфааш монад. Ҳайронам, ки сабаби сулфааш дар чӣ бошад. Оё зарурати ба духтур бурдани кӯдак ҳаст ё не?  

РАҶАБГУЛ, аз шаҳри Кӯлоб

Посух:

— Хоҳари азиз! Ба кӯдакон, махсусан ба тифлакони хурдсол бе иҷозати духтур ягон намуд доруву дармон додан мумкин нест, ҳатто нӯшдору. Гап дар сари он аст, ки шумо сабаби сулфидани фарзандатонро аниқ намедонед ва доруҳое, ки ба кӯдак медиҳед, ба ҷойи фоида кардан ба тифл зарар расонида метавонанд.

Тавре ки табибон мегӯянд, сулфаи хушк, яъне бе таб ва рафтани оби бинии кӯдак яке аз ҳолатҳои физиологии организми тифлакон буда, кӯдаки зоҳиран солим метавонад дар як шабонарӯз то 10-15 маротиба сулфад. Бо ҳамин роҳ организми кӯдак худро пок месозад, аз ҳамин хотир дар ин ҳолат антибиотикҳоро истифода бурдан зарур нест.

Барои халосӣ аз сулфа пеш аз ҳама сарчашмаи бемориро аниқ кардан лозим аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 сабаби сулфидани кӯдакон дар фасли баҳор каме маълумот медиҳем.

1. Сулфа аз стресс

Кӯдак месулфад, вале оби биничааш намеравад ва таббаш баланд намешавад. Сабаб метавонад дар ҳолати психоэмотсионалии тифл бошад. Баъзе кӯдакон вақте аз ягон чиз сахт метарсанд, асабонӣ мешаванд ё стресс мегиранд, ба сулфидан сар мекунад.

Чӣ бояд кард?

Дар ин ҳолат кӯдакро аз муоинаи асабшинос ё психотерапевт гузаронидан лозим аст. Сабаби сулфа агар дар ҳақиқат стресс бошад, табиб доруҳои махсуси оромбахш мефармояд. Давоҳои халқӣ низ кӯмак расонида метавонанд, вале ин давоҳоро низ фақат бо иҷозати духтур ба кӯдак додан мумкин аст.

2. Сулфа аз аллергия

Баҳор айёми гул кардани гиёҳҳо ва дарахтон буда, дар ин фасли сол бемории аллергия хурӯҷ мекунад. Сулфаи бе таби кӯдак метавонад аз аллергия низ бошад.

Чӣ бояд кард?

Барои фаҳмидани он ки сабаби аллергия дар чист, ташхисҳои махсус гузаронидан лозим меояд, бинобар ин, кӯдакро ба назди аллерголог бурдан лозим аст. Пас аз аниқ кардани он ки тифли шумо маҳз аз чӣ аллергия дорад, табиб доруву дармон мефарояд, аммо ин кофӣ нест. Барои самар додани табобат пеш аз ҳама модар бояд шароит фароҳам оварад. Ҳуҷраи хоби кӯдакро ҳар рӯз бо латтаи намнок поккорӣ кунед (влажная уборка) ва нагузоред, ки чангу хок ба манзилатон ворид шавад. Мағзу мавиз, донагӣ ва дигар ғизоҳоеро, ки боиси аллергия мешаванд, ба кӯдак надиҳед. Иммунитети фарзандатонро пурқувват намоед.

3. Сулфа — паёми бемориҳои сироятӣ

Баъзан кӯдак шамол хӯрда, сулфа мекунад, вале рӯзҳои аввал ҳарорати баданаш баланд намешавад. Дар ин ҳолат модар бояд хеле бодиққат бошад. Чашмони тифл сурх шуда, оби биничааш шорад ва сулфад, ҳарчанд таб надошта бошад ҳам, донед, ки ин нишонаи саршавии бемориҳои сироятӣ, шамолкашӣ ва ё иллатҳои роҳҳои болоӣ ва ё поёнии нафас аст. Эҳтимол ба зуком гирифтор шудааст ё шушҳояш шамол кашидаанду бронхит ё пневмония сар мешавад.

Чӣ бояд кард?

Фаромӯш накунед, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Фарзандатонро ҳатман ба назди духтури кӯдакона бурда, аз ташхис гузаронед, зарур бошад, шушҳояшро ренген кунед ва дорую давои фармудаи табибро сари вақт бигиред, то бемориаш бештар хурӯҷ накунад.

4. Кӯдак чизеро фурӯ бурда месулфад

Аксари кӯдакон, махсусан тифлакони хурдсол одати ба даҳонашон бурдани ҳар чизи аз пеши роҳашон баромадаро доранд. Бинобар ин, фарзандони худро бе назорат нагузоред. Фаромӯш накунед, ки ба шуш ва роҳҳои нафас афтидани ҷисмҳои бегона метавонад боиси пайдо шудани сулфа гардад.

Чӣ бояд кард?

Фарзанди шумо чизеро фурӯ бурда, баъди он ба сулфа гирифтор гашта бошад, кӯдакро фавран ба духтур баред ва аз ташхис гузаронед, зеро ҷисми бегона метавонад ба узвҳои дохилии кӯдак зарар расонад. Дар баъзе ҳолатҳо гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ лозим меояд.

5. Дар сулфаи кӯдак хӯрок гунаҳкор

Гоҳо чунин мешавад, ки ҳангоми хӯрдан ягон мағзи нон ё пораи хӯрок ба димоғ ё қисмати трохея афтида, ин ҳолат боиси сулфидани кӯдак мегардад.

Чӣ бояд кард?

Ҳангоми хӯрокхӯрӣ кӯдак якбора ба сулфидан сар кунад ва сабабаш ба димоғаш рафтани мағзи нон ё пораи хӯрок бошад, ба тифл бо ин усул ёрӣ расонидан мумкин аст: Ба кӯдак об диҳед ва кӯшиш кунед, ки оби фурӯ бурдаашро қайъ кунад. Пас аз ин ба об каме содаи хӯрока илова намуда, ковокии даҳонашро бо он чайқонед. Дар сурати кӯмак накардани ин усул ҳатман ба муттахассисони соҳаи тиб муроҷиат намоед, чунки бо мурури вақт ғизои дар гулӯ дармонда вайрон шуда, боиси варам кардани пардаҳои луобии гӯлу ва ковокии даҳон гашта метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *