бемории гурда

Канзи шифо: 7 беморие, ки дар Рамазон авҷ мегиранд

Рамазон моҳи пур аз файзу баракат ва савоб буда, Худованд ба тамоми бандагонаш дар ин моҳи муборак рӯза доштанро фарз гардонидааст. Худованд мефармояд: “Ҳар амале, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, барои худаш мебошад, ҷуз рӯза, ки махсуси Ман аст ва Ман худ подоши онро медиҳам”. Рӯза сипарест, ки муъминонро аз оташи дӯзах муҳофизат мекунад ва касе, ки моҳи шарифи Рамазонро аз рӯи имон рӯза бигирад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешавад, вале…

Бо вуҷуди ба саломатӣ фоида доштани рӯзадорӣ, баъзе бемориҳое ҳастанд, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон бештар авҷ мегиранд, аз ҳамин хотир, дар бораи 7 бемории рамазонӣ, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии ин касалиҳо маълумот медиҳем.

1. Бемориҳои меъдаю рӯда

Аксари шахсоне, ки бемории меъда ё рӯда доранд, дар моҳи шарифи Рамазон касалиашон аз нав авҷ мегирад. Туршнокии аз ҳад зиёд дар меъдаи холӣ дар давраи рамазон боиси хурӯҷ намудани захми меъда, гастрит, зардаҷӯш ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима мегардад.

Сабаб

Шахсоне, ки ба касалиҳои меъдаву рӯда гирифторанд, бояд тез-тез, вале кам-кам хӯрок хӯранд. Азбаски дар моҳи шарифи Рамазон мо рӯзи дароз гурусна гашта, баъдан шомгоҳон ғизои зиёде тановул мекунем, ин боиси авҷ гирифтани беморӣ мегардад. Маъмулан касалиҳои меъдаю рӯда бо нишонаҳои зерин аз худ дарак медиҳанд: Сӯзиши меъда, пайдо шудани дард дар зери қабурға, зардаҷӯш ва талх шудани даҳон.

Чӣ бояд кард?

Аслан ба гирифторони бемориҳои рӯдаву меъда, махсусан ба шахсоне, ки захми меъда доранд, рӯза доштан тавсия дода намешавад, вале шумо новобаста ба таъкидҳои табибон рӯза дошта бошед, аз хӯрдани хӯрокҳои сахту бирёнӣ, тез, тунд, хамирӣ ва нӯшидани қаҳваю нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед, зеро маҳз ҳамин ғизову нӯшокиҳо боиси хурӯҷ кардани бемориҳои узвҳои ҳозима мегарданд.

2. Дамиши шикам ва қабзият

Дар моҳи шарифи Рамазон аксари мусалмонон кӯшиш мекунанд, ки дастурхони ифтори худро бойтар гардонанд. Дар ифтор хӯрданиҳои зиёдеро мазза карда хӯрдану сар ба болин ниҳодан ва ҳанӯз он ғизоҳо ҳазм нашуда, боз саҳархӯрак кардан боиси дамиши шикам, гирифтагӣ ва қабзияти рӯдаҳо мегардад. Гирифтагӣ ва қабзияти шикам ба назар як чизи оддӣ менамояд, вале он касро ба касалиҳои дигар, аз ҷумла геморрой ва тарқиши маъқад гирифтор карда метавонад.

Сабаб

Сабабҳои асосии гирифтани рӯдаҳо ва қабзияти шикам ин пурхӯрӣ, истеъмоли хӯрокҳои сахт, бирёнӣ ва хамирӣ мебошад. Маҳсулоти коркардшуда-полуфабрикатҳо, кам об нӯшидан ва ғизои нахдор (клетчатка) ҳам метавонад боиси қабзият ва дамиш кардани шикам гардад.

Чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед! Дар шиками гурусна хӯрокҳои сахту бирёнӣ ва самбӯсаю мантую хонума нахӯред. Дар ифтор ва саҳархӯрак баъди хӯрдани таом ҳатман шарбати мева ё об нӯшед.

3. Пастшавии фишори хун

Одамоне, ки фишори хунашон паст буда, ба бемории гипотония гирифтор ҳастанд, дар айёми Рамазон ҳолашон бадтар мешавад. Бемадорӣ, аз ҳад зиёд арақ кардани бадан, хастагию сарчархзанӣ (хусусан ҳангоми аз ҷой хестан) ва паридани ранги рӯй нишонаҳои асосии паст шудани фишори хун мебошад.

Сабаб

Аслан пастшавии фишори хун бештар дар нимаи дуюми рӯз эҳсос мешавад. Субҳгоҳон одамони фишорашон паст чандон душворӣ намекашанд, вале хӯроки дар саҳархӯрӣ хӯрдаашон то нисфирӯзӣ ҳазм шуда, дигар организм ғизо гирифта наметавонад ва ҳоли кас бад шудан мегирад. Сабаби паст шудани фишори хун камшавии обу намак ва дигар моддаҳо дар организм мебошад.

Чӣ бояд кард?

Дар ҳавои гарм ба кӯча набароед. Бо шиками гурусна бо корҳои вазнине, ки боиси хастагӣ ва арақ кардан мешаванд, машғул нашавед. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои пастшавии фишори хун ё баръакс баланд шудани он ҳатман фишоратонро бо манометр санҷед. Фишори аз ҳад паст ё баланд бошад, ба духтур муроҷиат намоед.

4. Дарди сар

Аксари шахсоне, ки рӯза медоранд, ҳатто одамони комилан солим аз дарди сар шикоят мекунанд. Чаро маҳз дар давраи Рамазон сари мо ба дард меоянд?

Сабаб

Сардард дар шахсони рӯзадор бештар бо сабаби хумори носу сигор, қаҳваю кофеин, камхобӣ, бемадорӣ ва эҳсоси гуруснагӣ пайдо шуда, дар давоми рӯз зиёдтар шудан мегирад.

Чӣ бояд кард?

Мунтазам истеъмоли тамоку ва кофеинро аз ҳафтаи 1-2-юми Рамазон камтар кардан гиред. Метавонед чойи алафин ё бе кофеин истеъмол намоед. Кӯшиш кунед, ки дар моҳи Рамазон аз хоб сер шавед.

5. Пастшавии қанд дар хун

Боз як мушкиле, ки рӯзадоронро домангир мешавад, ин паст шудани миқдори қанд дар хун мебошад. Камқувватӣ, сарчархзанӣ, худро идора карда натавонистан, арақ кардани дастон, кори ҷисмонӣ карда натавонистан, дарди сар, дилзании сахт нишонаҳои паст шудани қанд дар хун мебошанд. Чаро чунин мешавад?

Сабаб

Сабаби паст шудани қанди хун дар нафароне, ки бемории қанд надоранд, истеъмоли аз ҳад зиёди қанд ҳангоми саҳархӯрак мебошад.  Ҷисм инсулини зиёдро коркард намуда, бар асари он миқдори глюкоза дар хун паст мешавад.

Чӣ бояд кард?

Ҳангоми саҳархӯрак аз истеъмоли маҳсулот ва нӯшокиҳои шакардошта худдорӣ намоед. Ба шахсоне, ки ба диабети қанд гирифтор ҳастанд, рӯза доштан тавсия дода намешавад. Ба бемориатон нигоҳ накарда, рӯза гирифта бошед, ҳатман бо духтури табобатиатон маслиҳат карда, давоҳои фармудаашро бигиред.

6. Рагкашии мушакҳо

Дар моҳи шарифи Рамазон иддае аз одамон тез-тез рагкашии мушакҳоро эҳсос мекунанд. Чаро чунин мешавад?

Сабаб

Сабаби рагкашии мушакҳо истеъмоли ками маҳсулоти дорои калий, магний, калсий буда метавонад.

Чӣ бояд кард?

Дар моҳи шарифи Рамазон бештар сабзавот, гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва хурмои арабӣ истеъмол кунед.

7. Санги гурда

Шахсоне, ки гурдаҳояшон иллат дорад, дар моҳи шарифи Рамазон тез-тез дарди гурда азобашон медиҳад. Чаро чунин мешавад?

Сабаб

Гурда узве мебошад, ки ҷисми моро поккорӣ мекунад, вале барои кори бонизоми он об ва дигар моддаҳои муфид лозиманд. Санги гурда бештар бар асари хеле кам истеъмол намудани об пайдо мешавад.

Чӣ бояд кард?

Шахсоне, ки гурдаҳояшон иллат дорад, барои пешгирӣ намудани пайдоиши санги гурда бояд дар моҳи Рамазон бештар об бинӯшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *