Канзи шифо: 8 одате, ки пӯстро ҷавон месозанд
1. Ғизои мутавозин
Ғизои ҳаррӯза бояд аз маҳсулоти зерин иборат бошад:
- Меваву сабзавоти дорои витамини С (шпинат, карам, помидор).
- Зардии тухм, ҷигар, равғани маскаи дорои витамини А.
- Равғани растанӣ, моҳии равғанин, чормағз – сарчашмаи витамини Е.
- Гӯшт, ҷигар, себ ва дигар маҳсулоти дорои оҳан.
2. Ба рӯй даст нарасонед
Кӯшиш намоед, ки беҳуда ба пӯсти рӯй даст нарасонед. Мусаллам аст, ки мо ин корро ғайриихтиёр анҷом медиҳем, бо дастони ношуста даст ба чашму бинӣ мебарем. Бо ҳамин сабаб телефонро низ ба пӯсти рӯй ҷафс кардан лозим нест. Қабл аз молидани малҳам ва оро додани рӯй шустани дастони худро фаромӯш накунед.
3. Ба қаҳру ғазаб дода нашавед
Ҳарчӣ бештар мушакҳои рӯй ва дар маҷмуъ тамоми ҷисми худро дар ҳолати оромӣ нигоҳ доред. Вақте шумо асабӣ шуда, таҳти фишор қарор доред, мобайни абрӯвонатон ожанг пайдо мешаваду кунҷи лабҳоятон ба поин майл мекунанд. Чеҳраи хандонро нигоҳ доштан кӯшиши зиёдро наметалабад.
4. Нигоҳубини ҳаррӯза
Тамоми малҳамҳоро ба пӯст аз маркази рӯй ба ду тараф молед. Чунин усул ҷабидашавии ҷузъиёти малҳамро хубтар месозад. Пӯстро сахт кашиш надиҳед. Боз як маслиҳати дигар, баъди шустани рӯй дар охир бо оби хунук шустушӯ кунед.
5. Ханда ҳам доруст
Ҳангоми хандидан ҷисми инсон ҳормони хушбахтиро баробари он ҷудо мекунад, ки вақте бо варзиш машғул мешавӣ. Аз ин рӯ, бо камтарин баҳона шодӣ кунеду дилхушӣ.
6. Ҳавои тоза бароед
Оксиген ба ҳуҷайраҳои ҷисм барои кори дуруст муҳим аст. Кӯшиш намоед бештар дар ҳавои тоза бошеду ҷисми худро дар ҳолати оромӣ нигоҳ дошта, чуқур нафас кашед.
7. Машқ барои ожанги рӯй
Ҳатто дар шароити хона дар давоми 5 дақиқа пӯстро ҳамвору нафис кардан мумкин аст. Бо ин мақсад ба кафи дасти худ каме малҳами зидди синнусолиро молида, қомати худро рост нигоҳ дореду рӯйи худро бо кафи дастон пушонед. Дар ҳамин ҳолат оринҷи худро ба зонувони худ партофта, вазни калаатонро ба дастон сар диҳед. Гарданро озод нигоҳ доред. Кафи дастони худро дар аввал дар пешонӣ, баъд дар болои чашмон ва баъд дар рухсораи худ 10 сония нигоҳ доред.
8. Муҳофизат аз офтоб
Таъсири шадиди нурҳои офтоб яке аз омилҳои асосии пиршавии пӯсти рӯй ба шумор меравад. Аз ин рӯ, қабл аз он ки ба берун мебароед, ба пӯсти рӯй малҳами ҳифзкунанда молед. Ҳамзамон молидани малҳам ҳатто ба нафароне тавсия дода мешавад, ки паси чанбараки мошин менишинанд. Шишаи мошин нурҳои ултрабунафшро пешгирӣ карда наметавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ