Канзи шифо: Абрӯ ҳам витамин мехоҳад?

Аксари бонувони тоҷик дар орзуи абрӯи ғафс ҳастанд, чунки тоҷиконро пеш аз ҳама бо абрӯвони зебояшон аз дигар миллатҳо фарқ мекунанд. Албатта Худованд ба ҳар кас абрӯвони ғафсу зеборо насиб мегардонад. Оё абрӯвони тунуку борикро ғафс карда мешавад?

Шумо бемор нестед?

Абрӯро бо истифодаи маҳлулҳои косметикӣ ба шарте ғафс кардан мумкин аст, ки инсон ягон беморӣ надошта бошад. Дар сурати вуҷуд доштани бемориҳо ҳама гуна амалиёти косметикӣ бефоида аст. Модарзод абрӯвонатон тунук бошанд, ба тақдир тан дода, беҳуда худро азият дода, харҷу хароҷот накунед ва ба кошонаи ҳусн надавед.  Абрӯвони модарзод тунукро бо ягон роҳ ғафс карда намешавад.

Абрӯвонатон рехтанд?

Шумо абрӯвони ғафсу зебо доштед, вале бо мурури замон абрӯвонатон рехта, хеле тунук шуданд? Озурда набошед, мо чанд роҳи ғафс кардани абрӯро ба шумо нишон медиҳем.

Абрӯро шона занед

Абрӯ ба мисли мӯйи сар ниёз ба шонакунӣ дорад. Абрӯвонро чаппа, яъне муқобили самти афзоиши тораҳои мӯйи абрӯ шона занед. Ин амал гардиши хунро ба решаҳои абрӯвони шумо метезонад ва суръати афзоиши абрӯвонатон беҳтар мегардад.

Маҳси абрӯ

Бо нӯги ангуштон қад-қади саршавии абрӯвон зер карда, абрӯвони худро бо ҳаракатҳои ларзишовар маҳси сабук кунед. Маҳс аз миёнаи бинӣ ба ду чакаи сар гузаронида мешавад. Ин амалро 2-3 маротиба такрор намоед. Маҳс на танҳо ҷараёни афзоиши абрӯро метезонад, балки дарди сар ва хастагии чашмро низ рафъ месозад.

Ниқоб ва равған барои абрӯвон

Амалиёти аз ҳама беҳтарин барои тезонидани баромадани абрӯвон — ин молидани равған мебошад. Чуткаеро ба равғани растанӣ ё маҳлули қависозандаи абрӯ тар карда, абрӯвонатонро бо он ба ҳар тараф шона кунед. Аз равғанҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст, пахтаи тунукро дар равғани бодом ё равғани шафтолу тар карда, ба болои абрӯвонатон гузореду бо коғази пергамент пӯшонида, 10-15 дақиқа нигоҳ доред. Равғани бодомро низ истифода бурда метавонед. Таъсири равғани беданҷир (касторовое масло) ба афзоиши абрӯ ва миҷгон ба ҳама маълум аст. Чуткаро дар ин равған тар карда, бо он абрӯвонатонро ба ҳар тараф шона ва ҳамзамон маҳс намоед. Рафту равған пурра ҷабида нашавад, боқимондаашро бо коғази обчинак тоза кардан лозим аст.

Ниқоб барои абрӯи ғафс

Анҷири хушкро дар шир пухта, ба даруни докаи чандқабата гузореду ба болои абрӯвонатон пӯшонед. Аз болояш сачоқи гарм гузошта, тахминан як соат нигоҳ доред. Таъсираш хеле хуб аст, вале рафту баъди 20-30 рӯз ягон беҳбудиро эҳсос накунед, пас ин ниқоб ба ҷисми шумо мувофиқ нест.

Равған барои абрӯвони ғафс

Равғани дилхоҳ растанӣ ё равғани беданҷирро бо 3 қатра равғани комфор омезиш дода, пахтаро дар он тар кунеду ба абрӯвонатон гузоред.

Гиёҳоб барои абрӯвон

Каме гули хуҷаста (цветы ноготков)-ро ба андозаи 1:10 дар арақ тар кунед. Қабл аз истифодабарӣ онро бо миқдори баробари об омехта карда, докаи чорқабатаро дар он тар кунед ва дар болои абрӯвонатон гузошта, як соат нигоҳ доред. Ин амалиётро ҳамарӯза ё як рӯз пас такрор кардан лозим аст.

Малҳам барои абрӯ

Ба як лула малҳами ланолин 30 қатра витамини А, 15 қатра витамини равғанини Е, 1 қошуқча равғани беданҷир ва 1 қошуқча равғани растании дилхоҳро илова карда, маҳлули ҳосилшударо муддати 2-3 моҳ ба абрӯвонатон молед. Ҳамзамон ба абрӯвон малҳами дилхоҳи витаминдорро молидан мумкин аст, он боиси афзоиши абрӯвон мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *