Канзи шифо: Арақ кардани мард нишонаи беморист?
Сабаби зиёд арақ кардани таги каши ҷавонмардон микробҳо ва илтиҳоби паҳншуда мебошад. Дар ин ҳолатҳо микробҳоеро, ки боиси пайдошавии доначаҳои сурх мегарданд, нобуд кардан лозим аст.
Барои кам сохтани арақи таги каш ҷавонмардон бояд қоидаҳои оддии гигиенаи шахсиро риоя намоянд — ҳамарӯза оббозӣ карда, мӯйи таги каши худро тарошидан ва либоси пахтагин пӯшида, аз дезодорантҳои махсус истифода бурдан кифоя аст.
Арақкунии бошиддати пой
Яке аз намудҳои ногувори арақкунии ҷавонмардон — ин арақи пой аст, ки бо бӯйи бад зуҳур менамояд. Ин иллат баъди стресс ё мубодилаи моддаҳои махсус дар ҷисми ҷавонмардон рух медиҳад.
Пойафзоли номувофиқ, риоя накардани тозагӣ ва хӯрокхӯрии нодуруст низ боиси арақ кардани пой гашта метавонад.
Тавсия:
— Дар гиёҳоб (беҳтараш дар гиёҳоби пӯстлохи дарахти булут) пойҳоятонро нигоҳ доред;
— Зуд-зуд бо обу собун поятонро шӯед;
— Бо пойафзоли мувофиқи пошнапаст ё умуман бепошна гардед.
— Бештар ҷӯроби пахтагин пӯшед.
Дар хоб арақи зиёд кардан
Ҷавонмарде, ки дар хобаш арақи зиёд мекунад, ба таҳлука меафтад, зеро дар хобаш инсон машқи бадан намекунад ва ба стресс гирифтор намешавад. Пас, чаро шабона бистар аз арақи бадан тар мешавад? Бояд гуфт, ки дар хоб ҷисми инсон ҳарорати хонаро хубтар қабул мекунад, агар хона аз ҳад зиёд гарм бошад, одам арақ мекунад. Сабаби арақи зиёд кардан ҳамчунин хастагии рӯзона ва стресс буда метавонад. Дар чунин ҳолатҳо хуб мебуд, ки чакрадоруҳои валериана ё “пустырник”-ро истеъмол намоед. Мусиқии таскинбахш низ касро ором месозад. Қабл аз хоб ҳавои утоқи хонаи хобатонро ҳатман тоза намоед.
Асабҳоятон харобанд, агар…
Ҷавонмардоне, ки аз ҳад зиёд арақ мекунанд, бояд ба назди мутахассиси бемориҳои ғадуди сипаршакл рафта, барои муайян сохтани миқдори қанд хун супоранд. Ба вазни худ диққат диҳед. Мардони фарбеҳ бештар арақ мекунанд.
Ба табибони гурда муроҷиат карданро ҳам аз ёд набароред. Арақкунии зиёд ҳамчунин нишонаи бемориҳои гипертония ё невроз, яъне, асабхаробӣ буда метавонад.
Боз чандин бемориҳои дигари меросӣ вуҷуд доранд, ки боиси тар шудани бистар аз арақи бадан мегарданд. Маҳз барои ҳамин, бояд ба табибон муроҷиат намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ