Канзи шифо. Асал — давои дарди сар

Сарам қариб ҳамеша дард мекунад. Чанд маротиба рентген ва ҳатто томографияи компютерӣ кардам, аммо ягон иллати сарамро нишон надод. Табибон мегӯянд, ки дарди сарам натиҷаи асабоният аст. Истеъмоли доруи зиёд бошад, ба солимии инсон зарар дорад. Оё роҳҳои халқӣ ва бзарари табобати дарди сар мавҷуд аст?

МАВЗУНА, шаҳри Турсунзода

Ба саволи хонанда табиби мардумӣ Садриддиншо Насриддиншоев посух мегӯяд:

Дарди сар сабабҳои зиёде дорад. Он метавонад натиҷаи асабоният, зарбхӯрӣ ё чалақидани майнаи сар (сотрясение мозга) бошад. Одатан духтарҳо тез-тез оббозӣ карда, бо сари тар ба кӯча мебароянд, ки ин боиси шамолхӯрӣ ва дарди сар мегардад. Ман ба шумо чанд давои одиро тавсия медиҳам, ки ҳама намудҳои дарди сарро бартараф карда метавонанд.

Якум. Бобуна (ромашка), тухми шибит, бодранҷбӯя ва пудинаи боғӣ. Аз гиёҳҳои номбурда якқошуқӣ ба термос андохта, аз болояш 800 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед ақаллан як соат истад. Аз ин гиёҳоб дар давоми рӯз чанд маротиба якпиёлагӣ нӯшед, аз дарди сар ному нишоне намемонад.

Дуюм. Дарди сар агар бар асари чалақидани майнаи сар дар натиҷаи зарбхӯрӣ ба вуҷуд омада бошад, давои он гарди гул — перга аст. Миқдори истеъмоли перга барои калонсолон 1-қошуқӣ рӯзе се маротиба ва барои кӯдакон рӯзе 3 бор нимқошуқӣ мебошад.

Сеюм. Вақте бо мақсади оббозӣ кардан ба ҳаммом медароед, ба саратон асал молида, то арақ кардани саратон дар ҳаммоми гарм нишаста, бо ду даст оҳиста-оҳиста саратонро маҳс кунед, баъдан бо оби гарм саратонро нағзакак шуста, рӯймоли пашмӣ бандед, то шамол нахӯред. Ду-се бор ин амалро такрор карда, гарм печида хоб равед, агар дарди саратон аз хунукӣ бошад, сокит мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *