Канзи шифо: Ба ҷойи калсий пучоқи тухм хӯрдан мумкин аст?

Падари 80-солаам тасодуфан афтода, пояшон шикастааст. Мо он касро ба беморхона бурдем ва пояшонро “гипс” кардем. Синну соли падарам ба ҷое расида бошад ҳам, бисёр марди чусту чолок буданд ва то ҳол кор мекарданд. Бисёр зиқӣ карда истодаанд, ки устухони шикастаи поям мечаспида бошад ё не? Мегӯянд, ки давоҳои халқӣ, махсусан пучоқи тухми мурғ барои табобати шикастагӣ бисёр фоиданоканд. Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунем, ки устухони шикастаи пойи падарам тезтар пайванд шуда, ба по бархезанд?

АЛИҶОН, шаҳри Душанбе

Посух:

— Бародари азиз! Дар ин синну сол шикастани устухонҳои инсон бо андаке зарба хӯрдан як чизи табиӣ аст. Бо мурури замон устухонҳои одам хеле нозук ва заиф мешаванд. Сабабаш дар он аст, ки миқдори калсий дар организм кам мешавад. Барои он ки устухони шикаста зудтар пайваст шавад, устухонро бо калтсиюм таъмин кардан лозим.

Дар ҳақиқат дар таркиби тухми мурғ калсий хеле зиёд аст, бинобар ин, пучоқи тухми мурғро тоза шуста, дар офтоб хушк кунед ва дар уғурак майда кӯбед. Ҳар рӯз як қошуқчаи чойхӯрӣ аз он ба бемор додан лозим аст, то ки бо об истеъмол кунад.

Нусхаи дигар

Тухми хонагиро дар зарфи шишагӣ андохта, аз болояш оби як ё ду лимӯро ҷабед. Шираи лимӯ бояд тухмро пӯшонад. Шишаро дар ҷойи торик 15 рӯз нигоҳ дошта, баъдан ба он ду қошуқ асал илова намоед ва рӯзе чор маротиба ба миқдори як қошуқи чойхӯрӣ ба бемор диҳед. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *