Канзи шифо: Бемориҳои зимистонаи занона

Барои солим мондан хонумҳо бояд чӣ кор кунанд?

Якбора тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво, сармои шадид, барфу борон, нам кашидани пойҳо, кӯтоҳ шудани рӯзҳову норасоии нурҳои офтоб ва нарасидани витамину минералҳо дар организм боиси суст шудани қувваи муҳофизатии ҷисми инсон-иммунитет гашта, дар натиҷа мо ба ҳар хел бемориҳо гирифтор мешавем. Тағйирёбии боду ҳаво пеш аз ҳама ба саломатии бонувон таъсири манфӣ расонида, боиси авҷгирии  бемориҳои занона мегардад. Барои пешгирӣ намудани ин бемориҳо занон бояд нисбати саломатии худ бепарво набошанд ва баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман ба духтури занона муроҷиат намоянд.

Нишонаҳои нохуш

Нишонаҳои мушаххасе ҳастанд, ки аз ноҷурии кори узвҳои занона ва саршавии беморӣ дарак медиҳанд, вале бонувон на ҳамеша ба ин чиз аҳамият медиҳанд. Бепарвоӣ боиси реша давондани касалӣ гашта метавонад, бинобар ин, ба ин нишонаҳо диққати ҷиддӣ диҳед:

•  Дарди кунд дар қисмати поёни шикам, ки баъзан ба миён мегузарад.

•  Пайдо шудани хориш ё сӯзиш дар узвҳои занона.

•  Зиёдшавии ташарруҳот (выделение) аз узви ҷинсӣ.

•  Тағйир ёфтани ранги ташарруҳот ё бадбӯйи гаштанаш.

•  Эҳсоси дард ҳангоми ҳайз ё алоқаи ҷинсӣ.

•  Тез –тез ба ҳоҷатхона давидан ё эҳсос дард ҳангоми пешобкунӣ.

•  Тағйир ёфтани давраи ҳайзбинӣ ё дар байни ин давра рафтани қатраҳои сиёҳчатоби хун.

Агар шумо нишонаҳои дар боло зикршударо дар хун эҳсос намоед, зуд ба назди духтури занона шитобед, зеро маъмулан ин нишонаҳо аз сар шудани бемориҳои занона дарак медиҳанд.

Аз беморӣ то бенаслӣ як қадам

Дар ҳавои сард бештар бемориҳои илтиҳобӣ ва сироятӣ авҷ гирифта, дар ин давра занҳо бештар ба кандидоз, цистит, пиелонефрит, вульвовагинит, эндоцервицит, аднексит, сальпингит ва дигар касалию иллатҳои узвҳои занона ва пешоброн гирифтор мешаванд, вале баъзан бонувон дар фасли сармо ҳавсалаи ба назди духтур рафтан накарда, бо маслиҳати модар, хешу табор ва ё дугонаҳояшон аз пеши худ ҳар хел доруҳоро истеъмол мекунанд ё бо нӯшидани доруву давоҳои алафӣ худро табобат карданӣ мешаванд.

Бояд таъкид кард, ки зимни бемориҳои занона бо худтабобаткунӣ машғул шудан хатарнок аст, чунки беморӣ метавонад реша давонда, оқибатҳои нохушро ба бор оварад. Як мисоли оддӣ, бар асари бемориҳои илтиҳобӣ дар узвҳои дохилии занона ҳолати часпиш-спайки сар мезанад, ки метавонад боиси маҳкам шудани найчаҳои бачадон гардад ва ҳатто ба бенаслӣ бурда расонад. 

Ҳомиладории зимистона чӣ хатар дорад?

Баъзе табибони занона ба мизоҷонашон маслиҳат медиҳанд, ки дар фасли зимистон ҳомиладор шуданро ба нақша нагиранд. Чаро? Аввалан, дар  фасли сард хавфи гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ хеле зиёд буда, ин бемориҳо на танҳо ба зан, балки ба тифли батнаш низ таъсир расонида метавонанд. Аксаран баъди гирифтор шудан ба ин ё он бемории сироятӣ занон бача мепароянд ё тифл дар батни модар сироят ёфта, бемор ба дунё меояд.

Дуюм: Дар давраи ҳомиладорӣ, махсусан дар семоҳаи дуюм ва сеюм тифли дар батни зан буда калон шудан мегирад ва ба бачадону узвҳои пешоброн фишор меорад. Ин ҳолат боиси суст шудани гардиши хун дар узвҳои мазкур гашта, муборизаи организмро бо инфексия душвор мегардонад ва зан тез-тез ба ҳар хел касалиҳо гирифтор мешавад.  Барои пешгирии чунин ҳолатҳо занҳои ҳомиладор бояд дар фасли зимистон ба саломатии худ ва тифли батнашон диққати махсус дода, ҳамеша таҳти назорати духтур қарор дошта бошанд.

Чанд маслиҳати муфиди зимистона ба бонувон

Барои пешгирӣ кардани бемориҳои зимистона занон дар фасли сармо бояд ба чанд қоидаи оддӣ риоя намоянд.

1. Дар фасли зимистон ҳатто дар сурати набудани барфу борон ва зоҳиран гарм намудани ҳаво низ либоси гарм ба бар намуда, аз пӯшидани домони кӯтоҳ ва калготкиҳои тунук худдорӣ намоед. Таҳпӯши зан дар фасли зимистон бояд ҳатман аз матоъҳои пахтагин бошад. Пӯшидани таҳпӯшҳои танги аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шуда гардиши хунро дар узвҳои занона душвор гардонида, муборизаи организмро бо инфексия душвор месозад. Либоси болоии зимистона бояд ҳатман дароз бошад ва қисмати поёнии ҷисми шуморо аз шамолхӯрӣ муҳофизат намояд.

2.  Дар фасли зимистон пойафзоли пошнааш ғафси баландеро бипӯшед, ки гарм ва роҳ гаштан бо он роҳат бошад.

3.  Дар фасли зимистон камтар дар кӯча гаштугузор намоед. Мабодо ба сайри боғ равед ё ҳамту барои ҳавохӯрӣ бароед, ҳаргиз дар болои кафел, бетон ва дигар ҷойҳои хунук, сард ва нам нашинед.

4.  Шумо мошин доред ва фикр мекунед, ки сардӣ ба шумо зарар расонида наметавонад? Хато мекунед, зеро бештар маҳз занҳое, ки мошин доранд, шамол кашида, бемор мешаванд, чунки бо либоси тунук сари чамбарак мешинанд. Фосилаи аз мошин пиёда шуда, то коргоҳ ё хона расидан кофист, ки зан шамол кашида бемор шавад, бинобар ин, мошин дошта бошед ҳам, гарм пӯшед.

5.  Дар фасли зимистон занҳо бояд ба хӯрду хӯроки худ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро маҳз норасоии витамин ва минералҳо боиси суст шудани иммунитет ва ба осонӣ гирифтор шудан ба беморӣ мегардад. Солим мондан хоҳед, бештар меваю сабзавот истеъмол намоед, то ҷисми шумо бо витамин ва микроэлементҳо пурра таъмин гашта, ба муқобили бемориҳо мубориза бурда тавонад.

6.  Ҳеҷ гоҳ дар фасли зимистон парҳез накунед, чунки гуруснагӣ ҷисми шуморо заиф гардонида, барои бемориҳо роҳ мекушояд.  

7.  Дар сурати хунук хӯрдан ё нам кашидани пойафзолатон кӯшиш кунед, ки ҳарчӣ зудтар ба хона расида, либоси тар ва пойафзоли худро иваз намоед. Пас аз ин пойҳоятонро ҳатман дар оби гарм бигиред ва чойи гарм нӯшида, дилхоҳ доруи гриппро бинӯшед ва худро ба кампал печида хоб равед, то ки хунукӣ аз ҷисматон барояд. Боқӣ саломат бошед! 

Ф. Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *