Канзи шифо: Бемории қалб ва 10 роҳи пешгирии он
Дар асри муосир бештари инсонҳои сайёра аз бемории дил азият мекашанд. Мо ба шумо чанд роҳеро тавсия медиҳем, ки барои солимии қалб ва пешгирии бемориҳои мухталиф хизмат мекунанд.
1. Агар зардии тухми нимпухтаро бихӯред, дилро қувват мебахшад.
2. Ҳар рӯз ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ як пиёла шарбати зардолу нӯшидан ё дар як рӯз 4-5 дона туршак хӯрдан дар табобати ҳар гуна бемории дил муфид буда, дилро қавӣ мегардонад.
3. Худдорӣ аз крахмал, маҳсулоти ширӣ ва шакар дар ғизо низ дар ин беморӣ судманд аст.
4. Нӯшидани шарбати себи ширин, шарбати анори ширин ба дил қувват мебахшад.
5. Гиёҳи хушки чойи зард (далачой)-ро дар об ҷӯшонида, дар як рӯз 2-4 бор баъд аз хӯрок як қошуқ нӯшидан низ фоидаовар аст.
6. Хӯрдани кашнизи хушк, биҳӣ ва бӯйи садбарги сафед ба дил қувват мебахшад.
7. Агар 5 грамм оби решаи офтобпарастро бинӯшанд, барои дили аз хунукӣ заифшуда даво аст.
8. Рӯзе як пиёла шири навҷӯшидаи говро дар гармӣ нӯшидан ба дил қувват мебахшад.
9. Нок, писта ва анҷир барои нокомии дил ва бемориҳо давои хубанд.
10. Нӯшидани лимӯ бо чойи қанд низ зардаҷӯши дилро дафъ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ