Канзи шифо. Чаро қавоқ варам мекунад?

Ҳар саҳар ба оина нигариста, қавоқҳоямро сиёҳтоб ва чашмонамро хаста мебинам. Оё рафъи ин ҳолат имконпазир аст?

ЗУБАЙДА, шаҳри Хуҷанд

Посух:

Шумо бояд муваққатан аз истеъмоли помидору бодиринги дар сирко хобонидашуда (маринованный) худдорӣ намоед. Саратонро ба чӣ гуна болин мегузоред? Болини пар бошад, аз пар аллергия доштанатон аз эҳтимол дур нест. Субҳгоҳон рӯятонро бо оби хунук шўста, баъдан бо пораҳои ях пок кунед. Ин амал гардиши хунро дар рӯй беҳтар месозад. Қавоқҳоятонро бо ҳаракатҳои сабуки ангуштон оҳиста-оҳиста маҳс кунед. Метавонед картошкаи хомро аз турбтарошак гузаронида, ба пораи бинт печонед ва муддати даҳ дақиқа ба рўятон гузоред ва бо пахтаи дар шарбати картошка таркардашуда зери чашмонатонро пок созед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *