Канзи шифо: Чаро дандонҳои кӯдак мепӯсанд?
Духтарам нав 10-сола шудааст, вале ягон дандони сиҳат надорад. Тамоми дандонҳояш пӯсида сиёҳ шудаанд. Аллакай чанд дандонашро кандем. Барои пешгирӣ чӣ тавсия медиҳед?
ГУЛНИГОР, шаҳри Ҳисор
— Пӯсидану афтодани дандонҳо ба бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Тартиби хӯрокхӯриро риоя накардан, норасоии витаминҳо, дандонҳоро ҳар рӯз субҳу шом нашустан, тез-тез ва бисёр ширинӣ хӯрдан боиси пӯсидану афтодани дандонҳо мегардад. Як қатор бемориҳо, аз ҷумла хурўсак ва обаки дандон низ метавонад касро бармаҳал аз дандонҳо маҳрум созад.
Барои он, ки дандонҳо солиму бардам монанд, таомҳои хамириро камтар хӯрда, бештар хӯрокеро истеъмол намудан лозим аст, ки дар таркибаш фосфор ва калсий дошта бошад. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст, духтаратонро ба назди ягон духтури хубӣ дандон бурда, аз паси табобат шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ