Канзи шифо: Чойи кабуд ба кадом дардҳо фоида дорад?

Раҳматӣ падарам ҳамеша моро насиҳат мекарданд, ки чойи кабуд фоидаи зиёде дорад ва марди асил бояд ҳамеша чойи кабуд нӯшад, вале тавре мушоҳида мекунам, вақтҳои охир мардум бештар чойи сиёҳ менӯшанд. Аз ҳамин хотир, мехостам дар бораи чой, махсусан чойи кабуд каме маълумот диҳед. Рост аст, ки чойи кабуд ба баъзе касалиҳо даво аст?

АНВАР, шаҳри Ҳисор

Посух:

— Чойи кабуд нўшокии беназир аст. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ хеле фаровон буда, хусусияти зиддимикробӣ ва зиддиомосӣ дорад. Дар ҳавои гарм ягон нӯшокии дигар чойи кабудро иваз карда наметавонад. Чойи кабуд боиси рехтани арақ гашта, ба мубодилаи оксиген, обу намак таъсири муфид мерасонад ва сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд.

Чойи кабуд дар ҳақиқат хусусияти шифобахшӣ ҳам дорад. Он ба фишорбаландии шараёнӣ, исҳоли хунин, шикамрав даво буда, пайдошавии сангҳоро дар масона, яъне пешобдон ва гурда пешгирӣ мекунад. Боз як хусусияти оилҷаноби чойи кабуд дар он аст, ки раванди пиршавии организмро нисбатан сусттар гардонида, ба ҷавон ва тару тоза мондани инсон ёрӣ мерасонад. Чойи кабуд аз витамини Е, ки онро витамини ҷавонию зебоӣ меноманд, 10 баробар бештар таъсир дорад.

Боз як хусусияти хоси чойи кабуд таъсири зидди саратонӣ доштанаш мебошад. Олимони пажуҳишгоҳи бемориҳои саратони Чин хосиятҳои зиддисаратонии 108 гиёҳро омӯхта, ба чунин натиҷа расидаанд, ки таъсири чойи кабуд аз дигар гиёҳҳо чандин маротиба бештар аст. Аммо ин чунин маънӣ надорад, ки инсон бояд аз субҳ то шом чойи кабуд бинӯшад. Чойи кабудро ҳам бо меъёраш нӯшидан лозим аст.

Пеш аз хўрдани таом, ҳангоми тановул ва баъд аз хӯрок дарҳол чой нўшидан мумкин нест, чунки шираи меъдаро суюқ мекунад ва мешўяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *