Канзи шифо: Дӯлона — муҳофизи дандон ва гурда

Ҳар қадар метавонед дӯлона хӯред, зеро ин меваи заррин барои саломатии инсон бисёр фоидаовар мебошад.

Дӯлона муқобили бактерияҳои зараровар муборизаи фаъолона бурда, хатари гирифтор шудан ба бемориҳои сироятиро кам мекунад. Шахсоне, ки мехоҳанд дандонҳои солим дошта бошанд, бояд бештар дӯлона хӯранд, зеро он вораи дандонҳоро пурқувват месозад.

Аслан, дӯлонахӯрӣ кайфияти хоси худро дорад, вале шахсоне, ки ба касалиҳои гурда гирифторанд, бояд дар бораи миқдори истеъмоли ин меваи хушхӯр бо табиби худ маслиҳат намоянд, чунки аз ҳад зиёд дӯлона хӯрдан метавонад боиси пайдо шудани санг дар гурдаҳо гардад.

Агар шумо меваҳои туршро чандон дӯст намедошта бошед, метавонед ба болои дӯлона шакар пошида, онро ҷӯшонидаву компот карда нӯшед. Хонумҳои ҳунарманд аз дӯлона мураббо ва ҳатто қандина-пирог пухта метавонанд. Дӯлонаро мисли себ ва замбурӯғ метавонед барои зимистон низ захира карда монед. Дӯлонаи шакар пошидаро дар яхдон то фаро расидани фасли баҳор нигоҳ доштан мумкин аст. Яхдонатон чандон калон набошад, беҳтараш дӯлонаро дар офтоб хушконед ё консерва карда монед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *