Канзи шифо: Давоҳои халқие, ки фишори хунро баланд мекунанд

Ман ҷавонзани 27-сола ҳастам. Чанд вақт шуд, ки фишори хунам худ аз худ бениҳоят паст мешавад. Сарам дард мекунад, пеши чашмонам сиёҳӣ мезанад. Шавҳарам дар Русия аст ва ду моҳ боз пул равон намекунад. Аз бепулӣ ба беморхона рафта наметавонам. Ягон давои халқие нест, ки фишори хунро баланд кунад?

ГУЛҶАҲОН, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Посух:

— Албатта, ҳаст, вале барои он ки табобат натиҷаи хуб диҳад, сабаби паст шудани фишори хунро муайян карда, давоҳои мувофиқро истифода бурдан лозим аст. Ду гиёҳро ба шумо тавсия медиҳем, ки фишори хунро баланд месозанд. Инҳо решаи тиллоӣ ва зағоса мебошанд. 

Нусхаи аввал

Решаи зарбеҳ (золотой корен) дар дорухонаҳо фаровон аст. Як пачкаашро харед ва як қошуқашро дар зарфе андозеду аз болояш ним литр оби ҷӯшида рехта, ҳамагӣ 5 дақиқа ҷӯшонед ва оташро хомӯш кунед. Гиёҳоб бояд як соат истад. Пас аз ин онро аз дока меполонед ва нимпиёлагӣ дар як рӯз 3 бор менӯшед. 

Нусхаи дигар

Гиёҳи зағоса (эфедра)-ро аз дорухона харида, мисли давои болоӣ як қошуқашро дар зарфе меандозед ва аз болояш 200 грамм оби ҷӯшида рехта, камтар меҷӯшонед. Ин даворо 2-қошуқӣ дар як рӯз 4 бор нӯшидан лозим аст.

Саломат бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *