Канзи шифо. Давои бемадорӣ чист?
Вақтҳои охир худро чунон беқуввату бемадор эҳсос мекунам, ки ҳатто баровардани партов низ бароям душворӣ мекунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хӯрам, ки қуввату мадор бигирам?
СУРАЙЁ, шаҳри Истаравшан
Посух:
— Рўзе як қошуқча асал истеъмол намоед. Асал хеле хуштамъ ва дорои нерўи зиёди тиббӣ буда, моддаҳои таркибаш зуд ба хун ҷабида мешаванд ва барои худро бардам эҳсос намудан ба шумо ёрӣ мерасонанд.
Асал дорои витаминҳои ҳаётан муҳим буда, дил ва тораҳои асабро мустаҳкам менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ