Канзи шифо: Доғҳои баҳорӣ аз чӣ дарак медиҳанд?
Ҳар сол бо омадани фасли баҳор бонувони зиёде оид ба сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои тоза кардани доғҳои рӯй, ки аксаран дар ҳамин фасли гулбез пайдо мешаванд, савол медиҳанд. Агар шумо ҳам аз ҷумлаи чунин бонувон бошед, пас маълумоти зерин барои шумост.
Доғҳои рӯй безарар бошанд ҳам, пайдо шуданашон аз он дарак медиҳад, ки ҷисм беморие дорад. Сабабҳои пайдо шудани доғҳои пигментӣ зиёданд. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва истеъмоли дорувориҳои ҳормонӣ дар организм тағйироти ҳормонӣ рух медиҳад ва ин боиси пайдо шудани доғҳо дар рӯйи зан мегардад. Бо оғози климакс низ доғҳои пигментӣ пайдо шуда метавонанд. Аксари бонувони синну солашон аз 40 боло аз доғҳои зиёди пигментӣ азият мекашанд. Бемориҳои системаи эндокринӣ — ғадуди сипаршакл, касалиҳои ҷигар, талхадон, меъдаву рӯда, илтиҳоби куҳнашудаи пешобдон, ҷараёнҳои инфексионӣ, аз қабили гепатити А низ боиси пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар пӯст мегарданд. Истеъмоли баъзе дорувориҳои барои бехобӣ, безурётӣ ва фишори баланд тавсияшуда ҳам доғҳои сиёҳро дар пӯст ба вуҷуд оварда метавонанд, бинобар ин, шумо бояд пеш аз ҳама аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта, вазъи саломатиатонро муайян намоед.
Аз доғ то беморӣ як қадам
Баъзе доғҳо дар сурати сари вақт табобат нагирифтан одамро ба саратони пӯст гирифтор намуда метавонанд. Аз ҳамин хотир, баробари мушоҳида кардани доғҳои сиёҳ дар пӯсти рӯятон ба духтури терапевт муроҷиат карда, хуну пешоби худро барои ташхис супоред, назди духтари эндокринолог равед ва маслиҳати табиби занона, яъне гинекологро бигиред.
Пешгирӣ беҳ аз табобат
Пайдо шудани доғҳои пигментиро дар пӯст пешгирӣ кардан мумкин аст, вале на ҳамеша. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди 60-солагӣ пайдо шудани доғҳо дар рӯйи бонувон падидаи муқаррарист. Дар ҳолатҳои дигар пӯстро аз нури офтоб муҳофизат намуда, пайдоиши доғҳоро пешгирӣ кардан имкон дорад. Як нуктаи муҳим, на танҳо пӯсти рӯй, балки пӯсти дастонро низ бояд муҳофизат кард.
Муъҷизаи SPF
Рӯзҳои аввали баҳор равғанҳои муҳофизатиро бо УФ-филтр, инчунин малҳами SPF-и беш аз 30-ро истифода баред. Ин малҳамҳоро ним соат қабл аз кӯчабароӣ ба пӯсти рӯй ва дастон молидан лозим аст. Шумо бе пардоз ба кӯча баромада натавонед, ба ҷои малҳами муқаррарӣ косметикаи декоративии аз офтоб ҳифзкунандаро молед. Кӯлоҳ ва куртаи остиндароз пӯшед, то пӯстатонро пинҳон намоед.
Витамини С истеъмол кунед
Беҳтар мебуд, ки пешакӣ, яъне аз охирҳои зимистон барои вохӯрӣ бо офтоб тайёрӣ бинед. Ҳарчи бештар витамини С қабул кунед, аз ҷумла меваҳои ситрусӣ. Карами намакхӯрда, чой аз шиповник ва ҷавҳари аскорбин (аскорбиновая кислота) истеъмол намоед. Норасоии ҷавҳари фолиевӣ (фолиевая кислота) низ боиси пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар рӯй мегардад. Бо истеъмоли ин ҳабҳо метавонед аз доғҳо халос шавед.
Шарбати лимӯ доғро нест мекунад
Докачаеро дар шарбати лимӯ тар карда, ба ҷои доғдори пӯст гузоред, сипас рӯятонро шуста, малҳами ғизобахш (питательный) молед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ