Канзи шифо: Ду роҳи осони харобшавӣ
Ду-се соли охир хеле зиёд фарбеҳ шудам. Сабаби фарбеҳии ман шояд кори камҳаракат карданам аст. Дӯстон тавсия медиҳанд, ки машқ кардан даркор, вале бо сабаби зиёд будани вазнам давидан барои ман хеле душвор аст. Оё роҳи дигари харобшавӣ мавҷуд аст?
Мирзо САИДОВ, сокини шаҳри Душанбе
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
— Фарбеҳии аз ҳад зиёд ба саломатии инсон зарар дорад, барои ҳамин кӯшиш кунед, ки вазни зиёдатиатонро ҳарчи тезтар партоед. Барои ин шумо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои сергӯшт, хамирӣ ва равғанӣ қатъиян даст кашида, фақат хӯрокҳои сабуки обҷӯш ва меваю сабзавот истеъмол намоед. Кӯшиш кунед, ки баъди соатҳои 4-5-и бегоҳ дигар аслан хӯрок нахӯред. Шабона пеш аз хоб як кефир нӯшида, баъд ба ҷойгаҳ дароед, он ҳам дарунро поккорӣ мекунад ва ҳам ба партофтани вазни зиёдатӣ мусоидат менамояд. Ҳатман бо варзиш машғул шавед ва бештар дар ҳавои кушод пиёда роҳ гардед. Дар баробари ин амалҳо ман ба шумо боз чанд гиёҳеро тавсия медиҳам, ки ба об кардани равғани бадан мусоидат менамоянд:
Якум. Решаи чоқла, раҳдавак, пудинаи куҳӣ, риши ҷуворӣ, алафи газанда ва бобунаро ба андозаи баробар гирифта, ҳар рӯз ду қошуқ аз ин гиёҳҳои омехташударо дар зарфе андозед ва аз болояш 400 грамм оби ҷӯш резад. Пас аз ду соат гиёҳобро полонед ва дар як рӯз 3-4 маротиба нимпиёлагӣ пеш аз хӯрок бинӯшед. Ин амалро ду-се ҳафта ҳамарӯза такрор кардан лозим аст, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.
Дуюм. Як қошуқ риши ҷувориро дар термос андохта, аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидаро резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад. Ин гиёҳобро рӯзе се маротиба ним соат пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед, дар давоми ду ҳафта хеле хароб мешавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ