Канзи шифо: Гайморит. Онро тиби халқӣ муолиҷа мекунад?

Аз дарди пешонӣ ва сар хеле азоб мекашам. Ташхиси бемориам гайморит аст. Ҳарчанд аз доруҳо истифода намудам, натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ман ҷарроҳиро тавсия намуданд. Вале мехоҳам пеш аз ҷарроҳӣ ба тиби халқӣ муроҷиат кунам. Оё усулҳои халқии табобати гайморит мавҷуд аст?

ХУРШЕД, шаҳри Ҳисор

— Дар тибӣ халқӣ тамоми бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Аз ҷумла гайморит ҳам ба воситаи гиёҳҳову растаниҳо муолиҷа карда мешавад. Дар ин маврид ба шумо чанд маслиҳати кӯтоҳ медиҳем.

Якум. Баргҳои каланхоеро майда реза карда, дар бинӣ мечаконем, то сар шудани атса меқапем. Баъд аз ин кор атсаҳои пай дар пай пайдо мешаванд ва баробари он зардоби бинӣ ва қисмати пешонӣ кам мешавад. Агар ин тарзи муолиҷаро 7 рӯз давом диҳед, гайморит нест мешавад.

Дуюм. Як қошуқчагӣ асал, сода, равғани офтобпарастро якҷоя карда, пахта ё докаро дароз печонида, ба андозаи бинӣ тампон тайёр мекунем. Ва онро дар маҳлули таёркаршуда тар карда, дар сӯрохиҳои бинӣ мегузорем. Он то 20 дақиқа бояд дар бинӣ истад. Баъди 3 ё 4 курси муолиҷа ҳамаи риму зардобҳо мерезанд.

Сеюм. 600 грамм асалро бо 350 грамм шарбати алоэ ва майи сурх якҷоя карда, 5 рӯз дар ҷои торик нигоҳ медорем. Ин даворо рӯзе се маротиба дар як рӯз, пеш аз хӯрок истеъмол мекунем. Ин тарзи муолиҷа ҳатто гайморити музминро низ даво мебахшад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *