Канзи шифо: Газна. Ё чанд роҳи табобати безурётӣ

Аз оиладориамон 3 сол мегузарад, вале фарзанд намеёбем. Духтурҳо мегӯянд, ки ягон захму иллати ҷиддӣ надоред, вале тухмдонҳоям инкишоф намеёбанд. Аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев хоҳиш мекунам, ки ягон роҳи табобатро нишон диҳанд.

ГУЛБАҲОР, ноҳияи Рӯдакӣ

— Тухмдонҳо дуто буда, тақрибан баробари донаи бодом мешаванд. Ҳомиладор шудану нашудани ҳар як хонум пеш аз ҳама ба кори онҳо вобастагӣ дорад. Агар фаъолияти тухмдонҳо суст бошад, тухмҳуҷайра дар ҷисми зан пухта намерасад ва тамоми кӯшишҳои мард барои ҳомиладор кардани занаш барабас мераванд. Барои бедор ва фаъол намудани тухмдонҳоятон ман ба шумо чанд давои осонро тавсия медиҳам, вале агар ҷиддӣ табобат гирифтан хоҳед, бояд бо натиҷаи ташхис ташриф биёред, то ба қадри тавонмандии хеш барои амалӣ сохтани орзуятон ба шумо кумак расонем. 

Якум. Гули ҳамешабаҳор, забони гов ва бӯймодарони маҳинбаргро ба андозаи баробар гирифта, тақрибан 5 қошуқ гиёҳро ба термос андозед. Аз болояш як литр оби ҷӯшида рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва як ё ду соат нигоҳ доред. Пас аз ин гиёҳобро полонда, рӯзе се маротиба 100-граммӣ бинӯшед. Ин гиёҳобро агар бо асал нӯшед, таъсираш бештар мешавад.

Дуюм.

Решаи сунбул-аттиб (валериана) — 10 гр.

Баргу гули тиллосарак — 10 гр.

Баргу гули газна — 10 гр.

Ҳамаашро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯшида резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед. Як соат пас даво тайёр мешавад. Онро аз дока полонда, дар тӯли рӯз ба ҷойи чой кам-кам нӯшидан гиред, худо хоҳад, тухмдонҳоятон фаъол гашта, ниҳоли умратон бор меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *