Канзи шифо. Гулӯдард одамро ревматизм мекунад?
Зуд-зуд гирифтори дарди гулў мешавам. Шунидам, ки гулӯдард метавонад одамро ба ревматизм гирифтор намояд. Ин гапҳо ягон асос доранд? Барои пешгирии дарди гулӯ чӣ чораҳо андешам?
ФИРДАВС, шаҳри Ҳисор
Посух:
— Шахсоне, ки зуд-зуд аз дарди гулӯ азият мекашанд, гирифтори бемории бардавоми варами ғадуди бодомшакли гулў (тонзиллит) буда, бояд дар шароити амбулаторӣ муолиҷа бигиранд. Барои бартараф намудани ин иллат ғадудҳои гулўро шуста, муолиҷаҳои физиотерапия мегузаронанд.
Бемориро сари вақт табобат накунед, дар ҳақиқат касро ба тарбод — ревматизм гирифтор карда метавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ