Канзи шифо: Инсулт. 3 роҳи расонидани ёрии аввалин
Инсулт ё сактаи мағзӣ бемории бисёр хатарнок аст. Бо муайян кардани аломатҳои он ва расонидани ёрии аввалия ба бемор, шумо метавонед ҷони ӯро наҷот диҳед. Дар тиби имрӯза озмоиши (тести) бисёр содда ва самараноке вуҷуд дорад, ки имкон медиҳад, то хеле зуд аломатҳои аввалини ин беморӣ муайян карда шавад.
Инак, мо ин озмоишро пешкаши шумо мегардонем, то дар сурати лозима аз он истифода баред:
а) Аз бемор хоҳиш кунед, то табассум кунад. Дар марҳилаи аввалияи сакта, лабони бемор ҳангоми табассум «каҷ» ба назар мерасанд, зеро ҳангоми сакта як қисмати рӯйи бемор аз кор мемонад ва як кунҷи даҳон ба поин овезон мешавад. Забони бемор низ номутаносиб ҷойгир мешавад. Забон ба як тараф меафтад ва шакли нодуруст мегирад.
б) Аз бемор хоҳиш кунед бо шумо сухан гӯяд. Чун вайроншавии нутқ ба мавзеи ташаккулёбии сакта вобаста аст ва ихтилоли нутқ танҳо дар сурати иллатёбии қисми чапи нимкурраи мағзи сар (агар шахс «ростдаст» бошад) пеш меояд. Аммо агар шахс «чапдаст» бошад, ихтилоли нутқ дар сурати иллатёбии нимкурраи рости мағзи сар пеш меояд.
с) Аз бемор хоҳиш кунед якбора ҳар ду дасташро ба боло бардорад. Агар бемор ин корро анҷом диҳад, дасти муқобили тарафи гирифтори сакта аз дасти дигар поинтар қарор мегирад. Дар ҳар сурат дараҷаи ҷойгиршавии дастҳо якхела нест.
Аломатҳои зерин низ метавонанд нишонаҳои сактаи мағзӣ бошанд:
— қисман ё пурра аз ҳуш рафтани бемор;
— аз даст додани қобилияти ҳарф задан ва инчунин аз даст додани қобилияти фаҳму дарки сухани каси дигар;
— саргиҷа ё сарчархзании шадид, аз даст додани ҳамоҳангӣ ва ҳисси мувозинат.
Агар шумо дар бемор яке аз ин аломатҳоро мушоҳида кардед, фавран ба «ёрии таъҷилӣ» муроҷиат кунед.
Шумо метавонед то омадани Ёрии таъҷилӣ ба бемор кумаки аввалия расонед. Аввал ба «ёрии таъҷилӣ» ҳолати беморро саҳеҳу дуруст бифаҳмонед. Чун ба одами гирифтори сактаи мағзӣ ёрии пизишкони асабшинос зарур аст. Бинобар ин муассисаи тиббӣ бояд шуморо дуруст фаҳмад, то ба наздатон пизишкони даркориро равон кунанд.
Сониян беморро тавре бихобонед, ки сараш аз сатҳи ҷои хобидааш 30° болотар қарор гирад. Барои ин кор метавонед аз патту, болишт ё либос истифода намоед.
Дар марҳилаи баъдӣ кӯшиш кӯшиш кунед ба бемор озод нафас гирифтанро таъмин намоед. Бояд либоси танг, тасма ё ҳар чизи дигар, ки метавонад ба нафаскашии ӯ халал расонад, аз баданаш дур шавад. Инчунин, вуруди ҳавои тозаро ба утоқи бемор таъмин намоед.
Агар бемор дучори дилбеҳузурӣ шуд ё ба партофтан даромад, сари ӯро оҳиста ба як тараф гардонед. Ин имкон медиҳад роҳҳои нафаскашиаш муҳофизат шаванд. Баъд аз поён ёфтани истифроғ ё қайкунӣ даҳони беморро поку тамиз созед.
Инчунин, ҳатман фишори артериалии беморро бисанҷед ва нишондодҳоро ҷое сабт карда, ба табибон нишон диҳед. Агар фишор баланд бошад, бояд ба бемор доруи фишорпасткунанда бидиҳед. Агар дору набошад, ба болои пои бемор грелка ё шишаеро бо оби гарм гузоред. Барои насӯхтани бемор ҳарорати обро бояд танзим кард.
Хеле муҳим аст, ки шумо эҳсоси худро низ контрол кунед ва ба бемор тарсу ҳаяҷони худро нишон надиҳед. Бо бемор ҳар қадар метавонед орому ботамкин суҳбат кунед ва ба ҳар васила дастгирии маънавии худро намоиш диҳед.
Баъди омадани Ёрии таъҷилӣ шумо бояд ба табибон аз тамоми ҷузъиёти воқеа иттилоъ диҳед. Ин корро ҳарчи фаҳмотар анҷом диҳед, беҳтар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ