Канзи шифо: Кадом витаминҳо дар зимистон заруранд?

Дар фасли зимистон меваву сабзиҷоти тару тозаро дастрас кардан душвор аст, бинобар ин, ҷисми инсон аз норасоии витаминҳо азият мекашад. Аз ҳамин сабаб саломатӣ бад шуда, мо ба пурхӯрӣ роҳ медиҳем. Зеро ҷисми инсон барои дастрас намудани моддаҳои даркорӣ ҳатто аз хӯроки бевитамин низ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҳамин ҷо сар мезанад эҳсоси руҳафтодагӣ ва инсон бештар ба гирдоби яъсу ноумедӣ ғӯттавар мегардад.

Дар рӯзҳои сарди зимистон ҳатман истеъмол намоед:

Витамини А. Бар замми он ки витамини А нури чашмро ҳифз менамояд, боз хусусияти зиддиилтиҳобӣ дошта, муқовимати ҷисмро нисбати вирусу бактерияҳо пурзӯр месозад. Миқдори кофии витамини А масунияти баданро баланд бардошта, ҳолати инсонро ба эътидол меорад ва нерӯ мебахшад. Ҳангоми истеъмол намудани помидор, марҷумак (гречневая крупа), гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва тухм дар фасли зимистон ҳолати пӯст беҳтар мегардад. Ин маҳсулот ҷигарро низ тақвият мебахшад.

Витамини С. Ҳолати масуниятро муътадил нигоҳ медорад. Дар сурати норасоии витамини мазкур инсон хоболуд, камқувват мегардад ва паст шудани масуниятро эҳсос мекунад. Ҳамзамон хастагӣ, заифӣ, руҳафтодагӣ, дарди буғумҳо ва ҳатто хунравии вораҳо бо сабаби кам будани витамини мазкур сар зада метавонад. Бештар смородинаи сиёҳ, карам, хуч (шиповник) ва лиму истеъмол кардан лозим аст.

Витамини D. Витамини мазкур барои мустаҳкамии устухон ва дандонҳо муҳим аст. Барои рафъи мушкилоти мазкур ба хӯроки худ бештар моҳиҳои навъи равғанин, тухм, равғани растанӣ ва маска, маҳсулоти баҳрӣ, маҳсулоти турши ширӣ илова кунед.

Витамини Е-ро дар илми тиб витамини зебоӣ мешуморанд ва он барои мубориза бурдан бо стресс лозим аст. Бо шарофати витамини мазкур мағзи сар аз оксиген шодоб гардида, асабҳо мустаҳкам ва ақл равшан мегардад. Миқдори бештари витамини Е-ро аз таркиби карами брокколи, тухм, сабзӣ ва ҷигар дастрас карда метавонед.

Витамини В. Мубодилаи карбогидратро ба эътидол оварда, асабро тақвият мебахшад ва руҳафтодагиро пешгирӣ менамояд. Барои солимии асаб аҳамияти хоса дошта, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Норасоии витамини мазкурро аз бад шудани ҳолати пӯст, обравии чашмон ва кафидани лабҳо фаҳмидан мумкин аст. Барои рафъи чунин камбудиҳо бештар марҷумак (гречка), нахӯд, чормағз, лаблабу ва ҷигар истеъмол бояд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *