Канзи шифо: Кумаки фаврӣ ба шахси офтобзада
Дар тобистон аз таъсири нурҳои тафсони офтоб бемор шудан хеле осон аст. Нишонаҳои асосии офтобзадагӣ сарчархзанӣ, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, паридани ранг, сурхшавии пӯст, тез-тез тапидани набз, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, садо дар гӯш ва дард кардани мушакҳои бадан мебошанд. Дар сурати сари вақт ягон чора наандешидан одами офтобзада метавонад ҳатто аз ҳуш равад, бинобар ин, дарҳол ба чунин шахс кумаки фаврӣ расонидан лозим аст.
Чӣ бояд кард?
1. Шахси офтобзада, агар аз ҳуш нарафта бошад, ӯро ба ҷои соя бурда, тавре сари зону шинонед, ки сараш ба мобайни пойҳояш хам шавад. Ба пушти калла ва гардани бемор оби хунук резед.
2. Одами офтобзадагӣ, агар мустақилона роҳ гашта натавонад, ӯро ба ҷои соя бурда, хобонед. Таги сарашро баланд карда, барои паст кардани ҳарорати баданаш доруи табпасткунанда диҳед.
3. Тугмаҳои куртаашро кушоед ва чанд сачоқчаро дар об тар карда, ба пешонӣ, қафаси сина, таги каш, оринҷ ва пойҳояш гузоред.
4. Ба шахси офтобзада оби начандон сардро бо иловаи намак (1 қошуқча намак дар 1 литр об) диҳед. Бигзор обро кам-кам нӯшад.
5. Барои нигоҳ доштанӣ гармӣ дар ҷисм дасту пойи беморро маҳс кунед.
6. Рафту ҳолати бемор хуб нашуд, фавран ба ёрии таъҷилӣ занг занед.
Кадом амалҳо ҳангоми офтобзанӣ зарар доранд?
Баъзан мо ба ин ё он шахс кумак расонидан хоста, баръакс бо амалҳои ноҷои хеш ҳоли бемооро бадтар месозем. Чанд амале ҳаст, ки ҳангоми офтобзанӣ ба ҷойи фоида зарар мерасонанд.
1. Шахси офтобзадаро ба оббозӣ кардан дар дарё маҷбур намудан ё аз сараш як сатил оби хунук рехтан лозим нест. Ба бадани бемор чизҳои аз ҳад сард, аз қабили яхро гузоштан низ зарар расонида, ҳолашро бадтар месозад.
2. Ба шахси офтобзада машрубот, қаҳва, нӯшокиҳои энергетикӣ додан манъ аст. Ин нӯшокиҳо рагҳоро танг карда, ҳатто боиси варами мағзи сар гашта метавонанд.
3. Ба шахси офтобзадае, ки аз ҳуш рафтааст, маҷбуран об нӯшонидан манъ аст. Дар ин ҳолат бемор метавонад аз дармондани об дар гулӯ вафот кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ