Канзи шифо: Мандарин — кони витамин
Дарахти ҳамешасабзи мандарин ба оилаи меваҳои ситрусӣ дохил мешавад ва дар Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой ва Япония мерӯяд.
Дар таркиби ин мева кислотаҳои органикӣ, шакар, аскорбин, тиамин, рутин ва фитонсидҳо мавҷуданд. Дар пӯст миқдори зиёди равғани эфир дорад.
Мандаринҳо манбаи хуби витамини В ва С мебошанд. Дар фасли зимистон барои таъмини захираҳои витаминҳо дар организм, мустаҳкам кардани системаи иммунӣ муҳим аст. Истеъмоли мандарин иштиҳоро мекушояд, раванди мубодилаи моддаҳоро беҳтар мекунад ва бо микробҳо мубориза мебарад.
Мандарин сарфи назар аз фоидаҳо ҳангоми бисёр истеъмол кардан аксуламалҳои аллергиро ба вуҷуд меорад. Истеъмоли мандарин барои бемориҳои гастрит ва илтиҳоби рӯда тавсия дода намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ