Канзи шифо: Оби хуч ба кадом касалиҳо фоида дорад?

Писарчаи 5-солаам ба бемории қанд гирифтор шудааст. Як ҳамсояамон ба ман маслиҳат дод, ки ба писарчаам ҳамеша оби хуч диҳам. Мегӯяд, ки “шиповник” ба бисёр дардҳо даво аст. Мехоҳам донам, ки ин гап ҳақиқат дорад ё не? Дар асл “шиповник” ба кадом бемориҳо фоида дорад ва киҳо бояд аз он парҳез кунанд?

ДИЛРАБО, аз шаҳри Кӯлоб

Посух:

— Хоҳари азиз! Ҳамсояатон рост гуфтааст, дар ҳақиқат хуч, ҳамон “шиповник”-и мегуфтаи шумо ба бисёр касалиҳо фоида дорад. Хуч ба шахсоне, ки гирифтори иллатҳои ҷигар, талха, гурда ҳастанд ё ҷоғар (гипертериоз) ва бемории диабети қанд доранд, тавсия дода мешавад. Шахсоне, ки касалии қанд доранд, бояд ҳамеша оби хуч бинӯшанд, чунки хуч баланд шудани сатҳи қандро дар хуни инсон пешгирӣ мекунад.

Албатта оби хучро дар бозорҳо ҳам мефурӯшанд, лекин барои табобат он мувофиқ нест, чунки ширин аст. Беҳтараш аз бозор хуч харида, онро худатон дар хона ҷӯшонед ва аз дока полонида, обашро ба фарзандатон диҳед.

Аз ҳама муҳимаш, ба кӯдак танҳо ғизои парҳезӣ диҳед, чунки парҳез барои гирифторони диабети қанд бисёр муҳим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *