Канзи шифо: Пурхӯрӣ ва 7 оқибати нохуши он

Пурхӯрӣ гуфта, ҳолатеро дар назар доранд, ки инсон аз меъёр зиёд ғизо истеъмол мекунад ва то вақте ки меъдааш пур шуда, шикамаш дамиш карда ба дард наояд, аз таом даст барнамедорад.

Гуруснагӣ гунаҳкор

Яке аз сабабҳои пурхӯрӣ риоя накардан ба реҷаи хӯрокхӯрӣ аст. Вақте ки одам рӯзи дароз чизе ба даҳон намебарад, сахт гурусна мемонад ва ҳамин чиз боис мегардад, ки шомгоҳон дастурхонро холӣ кунад.

Хӯрдани хӯроки аз меъёр зиёд боиси дамиш кардани шикам, қайкунӣ ва заҳролуд шудани организм гашта метавонад, бинобар ин, инсон бояд дар ҳама ҳолат лаҷоми нафсашро кашида тавонад. Ҳатто вақте ки дастурхон пур аз нозу неъмат аст. Вақте ки хӯрданиҳои лазизи зиёдеро назди шахс мегузоранд, дил мехоҳад аз ҳар кадомаш даҳон ширин кунад, вале…

Айби маҳфили дӯстона

Фаромӯш накунед, вақте ки кас хӯришу ширинию хӯрокҳои ҳархеларо бебаркаш хӯрдан мегирад, ин пурхӯрӣ метавонад боиси заҳролудшавии организм ва туршшавии ғизо дар меъда гардад. Солим будан хоҳед, хӯрокҳои туршу ширинро омехта насозед ва аз меъёр зиёд нахӯред.

Боз як ҳолате, ки боиси пурхӯрӣ мегардад, ин ҷамъ шудани ҳамкорон дар сари як дастурхон ба ягон муносибат, гаштаки дӯстона ва иду айём, аз ҷумла идҳои Рамазон ва Қурбон аст. Вақте ки бо одамони наздикат дар сари хони пурнозу неъмат мешинӣ, саргарми суҳбати ширин шуда, кас баъзан аз меъёр зиёд хӯрок хӯрданашро нафаҳмида мемонад.  

Маъмулан дар чунин рӯзҳо дастурхонро аз анвои хӯрданиҳои лазиз пур мекунанд. Барои он ки баъди маҳфил бемор нашавед, аз хӯрок ва хӯришу шириниҳо кам-кам ба даҳон баред ва ғизоро нағз хоида, баъдан фурӯ баред, то ки ҳазмаш барои меъда осонтар шавад. Донаву бодом ва мағзу чағзро бебаркаш нахӯред, чунки маҳз донагиҳо аксаран боиси дамиши шикам ва қайкунӣ мегарданд.

Пурхӯрӣ аз асабоният

Боз як сабаби дигари пурхӯрӣ асабоният мебошад. Баъзе одамон вақте аз чизе ранҷида, табъашон вайрон мешавад, иштиҳояшон якбора кушода мешавад. Дар ин ҳолат бар асари асабонияти шадид кас сер шудани худро ҳис намекунад. Ғизое, ки кас бар асари асабонияти шадид истеъмол мекунад, ба ҷойи фоида расонидан метавонад ба организми кас зарар расонад. Дар ин ҳолат шахси озурда гӯё ҳамроҳи ғизо заҳри навмедӣ, озурдагӣ, ранҷиш, бадбинӣ, зиқӣ, танҳоӣ ва дигар нохушиҳоро фурӯ мебарад. Бинобар ин, вақте асабонӣ ҳастед, қасдатонро аз хӯрок гирифта, сари дастурхон нашинед.

Пурхӯрии шабона

Пурхӯрии шабона ба пурхӯрӣ аз асабоният шабоҳат дорад. Фарқ танҳо дар он аст, ки шахс рӯзона аслан майли хӯрокхӯрӣ надорад, вале ҳамин ки шаб шуд, якбора иштиҳояш кушода шуда, хурдро аз хӯрдан боздошта наметавонад. Ҳолатҳое низ мешаванд, ки ҳатто нимаҳои шаб бедор шуда, шахс ба сӯйи яхдон меравад, то ки боз ягон чизаки бомазза ёфта хӯрад.

Пурхӯрӣ аз асабоният ва пурхӯрии шабона метавонанд боиси фарбеҳӣ гашта, ҳамзамон касро ба бемориҳои зиёде гирифтор созанд. Бинобар ин, ба шахсоне, ки чунин одат доранд, ҳатман аз назорати духтур, махсусан табиби асабшинос гузаштанро тавсия медиҳем.

Бемориҳое, ки аз пурхӯрӣ пайдо шуда метавонанд

Пурхӯрӣ натанҳо кори узвҳои ҳозимаро вайрон карда, касро ба дарди меъда, талхадон ва иллатҳои рӯда гирифтор месозад, балки метавонад боиси сар задани бемориҳои зерин низ гардад:

1. Фарбеҳӣ.

2. Бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он.

3. Диабети қанди навъи 2.

4. Фишорбаландӣ ва хатари гирифтор шудан ба инсулт ё инфаркт.

5. Баланд шудани сатҳи холестерин дар хун.

6. Артрит ва остеоартрит.

7. Бемориҳои гурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *