Канзи шифо: Радикулит. Аз фоидаи сирпиёз то зарари гӯшт

Чанд сол аст, ки ба бемории радикулит гирифторам. Дарди миён ва пой ҷонамро ба лабам расонида истодааст. Пайваста дору мехӯрам. Вале маълум аст, ки доруи бисёр ба як ҷой фоида кунад, ба ҷойи дигар зарар мерасонад. Бинобар ин, мехоҳам усулҳои мардумии табобати радикулитро донам.

Сафар ШЕРБОЕВ, ноҳияи Варзоб

Шарҳи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев дар ин маврид:

Бо сар шудани мавсими сардиҳо ҳоли одамоне, ки банду буғумҳояшон ягон иллат доранд ё шамол кашидаанд, табоҳ мегардад. Вақте шахс солхӯрда аст, табобаташ ба маротиб душвортар хоҳад буд, зеро бо рафтани умр захираи калсий ва дигар моддаҳо дар ҷисми инсон кам шуда, банду буғум ва устухонҳо торафт заиф мешаванд. Хушбахтона, тиби мардумии мо конест аст, ки аз он ба ҳама дард даво ёфтан мумкин аст. Ҳоло ман аз ин хазонаи бузург ба шумо чанд давои одиро тавсия медиҳам.

Якум. Ду қошуқ аз пӯдинаи боғӣ ва ду қошуқ шибити хушкро бо гули бобуна ҳамроҳ карда ҷӯшонед ва оби онро якистаконӣ дар як рӯз чанд маротиба бинӯшед, алафашро бошад, ҷаббида, ба маҳали дард баста хоб равед. Шумо метавонед ҳамчунин рӯянро хушк карда, дар ҳован, яъне уғурак нарм кӯфта, бо равғани кунҷид хамир карда, ба ҷойҳои дардманди поятон бандед. 

Дуюм. Як миқдор сирпиёз (чеснок)-ро аз турбтарошак гузаронед ва ба он ду баробар зиёдтар равғани кофур илова намуда, ба миён ва ҷойҳои дардманди пойҳоятон молед. Сирпиёз барои радикулит давои беҳтарин аст ва ба зудӣ шуморо аз ин дарди ҷонкоҳ наҷот мебахшад. Дар баробари ин, ҳар саҳар як дона сирпиёз хӯред. Аз бӯйи бадаш натарсед. Аз болои чеснок чанд дона барги ҷаъфарӣ, яъне петрушкаро хоида фурӯ баред, бӯйи бадро нест мекунад.

Сеюм. Баргҳои дарахти чормағзро дар як литр об муддате ҷӯшонед ва дар ванна резед ё дар тағора андохта, пойҳоятонро дар даруни ин оби давобахш 10-15 дақиқа нигоҳ доред.

Таъкид!

Агар шифо ёфтан хоҳед, аз хӯрдани баъзе ғизоҳо парҳез карданатон лозим меояд. Кӯшиш кунед, ки то гум шудани дард гӯшти гов, махсусан ҷигар нахӯред. Гӯшти моҳӣ, нахӯду лӯбиёву мағзи дона ва ғизоҳои сахту тезу тундро низ ба шумо тавсия намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *